Зебосанамҳои шарқ дар ҳафтаи муди Душанбе - видео

Обуна шудан
Дар Ҳафтаи муди Душанбе тарроҳони ҷавон назари худро ба либоси замонавии мардону занони шарқ нишон доданд

Дар Тоҷикистон Ҳафтаи муд баргузор шуд. Тарроҳони ҷавон аз кишварҳои гуногуни Осиёи Марказӣ маҳсули дасти худро пешкаши тамошобинон карданд.

Тарроҳи тоҷик Зебуннисо Ятимова барои намоиши пироҳанҳои дӯхтааш беҳтаринашро интихоб кардааст.

Рассомону тарроҳон корҳои худро дар Душанбе нишон медиҳанд

"Ҷамъият ба мардум мегӯяд чӣ гуна бояд буд, вале мо дарк мекунем, ки идеалӣ шудан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ мо худро тавре намоиш медиҳем, ки дар асл чунин ҳастем. Ҳар як духтар бояд худро чӣ гунае ки ҳаст, қабул кунад", - мегӯяд Ятимова.

Тарроҳ Суҳроб Ҳабиб аз Узбакистон ба Душанбе коллексияи либосҳои мардонаро овардааст. Вале ҳар костюми ин тарроҳ бо ороиши хоси худ фарқ мекунад.

"Ороишот доим либосро пурра мекунанд. Масалан шумо шиму костюми оддӣ ба бар мекунед ва ороишотеро илова менамоед - костюми шумо аллакай ғайриоддӣ мешавад. Аксаран бар онанд, ки истифодаи ороишот зиёдатӣ аст, вале ман кор бо ороишотро дӯст медорам", - гуфт Ҳабиб.

Tajikiatan Fashion Week бори ҷаҳорум дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Ин бор тарроҳон аз ҳашт кишвари дунё маҳсули дасти худро ба тоҷикистониён намоиш доданд.

Лентаи хабарҳо
0