22:40 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Видео

Форуми сулҳи Порис бо ширкати Раҳмон ва Аълоҳазрат Оқохони IV - пахши мустақим анҷом ёфт

Гирифтани линки кӯтоҳ
1271 0 0
© Youtube / European Commission

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамроҳ бо сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои як қатор мамлакатҳо дар маросими ифтитоҳи Форуми дуюми ҷаҳонии сулҳ дар Порис (Paris Peace Forum) ширкат мекунад

Ҳамоиши  мазкур 12-13 ноябр дар толори бузурги "La Villette Park"-и пойтахти Фаронса баргузор мешавад. Маросими ифтитоҳи форум имрӯз, соати 9:30 бо вақти маҳаллӣ (13:30 бо вақти Душанбе) бо сухани шодбошии Президенти Фаронса Эммануэл Макрон оғоз шуд.

Дар форум Дабири кули СММ Антониу Гутерриш, сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои беш аз 30 кишвари дунё, аз ҷумла президентҳои Тоҷикистон, Эстония, Камерун, ҶАҶ, Чад, Конго, Нигер, Мали, Сербия, Косово, Албания,  сарвазирони Арманистон, Белгия, канслери Австрия, муовини раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Раиси Коммиссияи Урупо, Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим Оқохони IV  ва дигарон  ширкат меварзанд.

Суҳбати сеҷониба дар Фаронса: Эммануэл Макрон ва Антониу Гуттериш ба Раҳмон чӣ гуфтанд?

Дар маҷмӯъ, дар форуми мазкур наздики 6 ҳазор  меҳмонон дар  60 ҳайат, аз ҷумла 30 нафар намояндагони баландпояи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ҳам меоянд.

Дар муқобили мушкилоти тартиботи ҷаҳонӣ ва дар шароите, ки ҳамкории бисёрҷониба зери суол қарор мегирад, Форуми сулҳи Порис тамоми иштирокдорони манфиатдорро ба ҳам оварда,  пешбурди лоиҳаҳоро таъмин  менамояд ва  ташаббусҳои нав пешниҳод мекунад.

Мулоқоти Раҳмон бо Шоҳзода Карим Оқохони lV дар Фаронса

Форум ҳамчун як майдони мубоҳисаи байналмилалии сатҳи баланд таъсис ёфтааст, ки дар он муколамаи мустақим оид ба масъалаҳои муҳими ташаннуҷи байналмилалӣ сурат мегирад.

Имсол форум ба мавзӯъҳои тағйирёбии иқлим, амнияти киберӣ ва сифати идоракунии давлатӣ бахшида шудааст.

Барчаспҳо:
Фаронса, Порис

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ