06:48 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Видео

"Дидаи гирён": нашри суруди ҷадиди Нигина Амонқулова

Гирифтани линки кӯтоҳ
623 0 0
© Youtube

Сарояндаи маҳбуби Тоҷикистон Нигина Амонқулова суруди навашро таҳти унвони "Дидаи гирён" дар шабакаи YouTube нашр кардааст

Суруди нави сарояндаи маҳбуби тоҷик Нигина Амонқулова тоза ба шабакаи YouTube роҳ ёфтаст. Суруди нави Нигина таҳти унвони "Дидаи гирён" буда, дирӯз, 12 - уми ноябр  нашр шудааст.

Сабти суруд  дар студия сурат гирифта, танҳо давоми ду рӯз, ки дастраси тамошобинон гардидааст, аллакай аз ҷониби беш аз 15 ҳазор нафар тамошо ва баҳогузорӣ шудаст.

Нигина дар сабти ин суруд, куртаи сиёҳ ба бар намудаст, ки ба либоси миллӣ камтар монанд аст.

Ӯ миёни мардум аслан бо тарзи либоспӯшиаш, ки аксаран либоси миллиро ба бар мекунад, эҳтироми хосса дорад.

Оҳанги суруди "Дидаи гирён" бо қалами наҷибуллоҳ Баред навишта шудаст. Дар омода намудани суруд бошад, Qiam Entertainment даст дорад.

"Ай дил маро бубахш": нашри суруди нави Нигина Амонқулова

Зери суруди нав даҳҳо ҳазор нафар аллакай шарҳ гузоштанд ва қариб ҳамаи онҳо аз овози зебои ин сароянда ва тарзи либоспӯшии ӯ васф намудаанд.

Барчаспҳо:
Нигина Амонқулова, суруд

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ