10:34 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Видео

"Тӯҳфа" - и гулдухтарони Бадахшон ба Эмомалӣ Раҳмон: рақси зебои помирӣ - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
46801

Дар маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ Рӯзи президент бошукӯҳ таҷлил шуд. Ҳатто кӯдакон барои Эмомалӣ Раҳмон "тӯҳфа" омода кардаанд

Бо ибтикори мақомоти Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ Рӯзи Президент бо баргузории барномаи фарангӣ таҷлил шуд.

Дар чорабинӣ раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ширкат ва суханронӣ намуд.

Инчунин дар чорабинm муовини якуми вазири корҳои дохилӣ? сардори ситоди байниидоравӣ ва таъмини амният дар вилоят Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят ширкат кардаfнд.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии раиси вилоят, Ёдгор Файзов қайд кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар дунё чун фарди сулҳовару сулҳофар, таҳкимбахши сулҳу субот, ғамхори миллат мешиносанду қадр мекунанд.

"Хизматҳои беназир ва фидокориҳои Сарвари муаззами давлат боис гаштанд, ки Тоҷикистон дар фосилаи кӯтоҳи вақт ба яке аз кишварҳои пешрафта табдил ёфта, дар радифи кишварҳои мутараққии ҷаҳон ҷойгоҳи шоистаеро касб намояд ва чун давлати демократӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аз обрӯву манзалати баланд бархурдор гардад", - гуфт раиси вилоят.

Рақси гулдухтарон ба ин чорабинӣ ҳусни дигар зам кард ва бешак "тӯҳфа" - и беҳтарин барои раисиҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд.

Чун Президент худ фарҳангпарвар аст ва ба вижа ба санъати рақс таваҷҷӯҳи хосса дорад.

Ситоиши Раҳмон аз рақси духтарчаи 4-сола: "аз раққосаҳои касбӣ дида беҳтар буд" - видео

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 9 сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рақси духтарчаи чорсола дар консерт ба муносибати 28-солагии Рӯзи истиқлоли давлатӣ, ки дар Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор шуд, ситоиш кард.

Ӯ гуфт: "рақси духтарчаи чорсола аз раққосаҳои касбӣ беҳтар буд".

Барчаспҳо:
рақс, Бадахшон, тӯҳфа

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ