03:12 08 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Видео

Зебо ва самимӣ: Дилфуза Худоёрова доварони "Зебосанам - 2019" - ро тасхир кард - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
1015 0 0
© Youtube / TMT Shahnavoz

Дилфуза Худоёрова аз ноҳияи Шаҳринав бо табақи меваҳо ба саҳна баромаду бо самимият ва ҷаорати худ доварони озмуни "Зебосанам - 2019"-ро тасхир карда ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт

Дар шаҳри Душанбе марҳилаи дуюми озмуни ҷумҳуриявии "Зебосанам - 2019" оғоз шуд.

Аз даври аввали озмун, ки дар вилояти Суғд, Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳамагӣ 70 гулдухтар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Акнун ҳар барномае, ҳафт нафарӣ ҳунару маҳорати худро пешкаши доварон мекунанд ва танҳо ду кас аз як барнома, бо аз худ кардани бештарин танга, ба даври ниҳоӣ роҳхат мегирад.

Нигина Амонқулова арзёбӣ кард: "Зебосанам - 2019" дар Панҷакент - видео

Ба ҳунару зебогии духтарон дар марҳилаи дуюми озмун чаҳор довар - корманди соҳаи телевизион ва радио Дилхоҳи Нозиршоҳ, ҳунарманди маъруф Фахриддин Малик, овозхон Зафар Абдуалимов ва коргардон Соро Музофиршоева баҳогузорӣ карданд.

Доваронро ҷасорати ҳамаи духтарон дар ҳайрат гузошт, вале суханронӣ ва ҳозирҷавобии зебосанамҳо, ки дар сатҳи паст буд, хашмгин кард.

"Шумо бояд бештар китоб хонед. Он гоҳ озод мешавед", - маслиҳат дод Дилхоҳи Нозиршоҳ.

Соҳибкор ва модари ду фарзанд: Мафтуна мехоҳад ситораи синамо шавад - видео

Аз байни ҳафт нафар намояндаи шаҳри Панҷакент Шаҳзода Назризода, ки бо маҳорат ва кӯшиши худ бештарини тангаҳоро соҳиб шуд, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт.

Ҳамчунин ягона зебосанам, ки ҳамаи доварон ба ӯ панҷ тангаӣ доданд - Дилфуза Худоёрова аз ноҳияи Шаҳринав, бо дастгирии доварон ба даври ниҳоӣ гузашт. 

"Ту бисёр самимӣ ҳастӣ, моро мафтун кардӣ", - гуфтанд доварон.

Ҳамин тавр, аллакай ду зебосанам Дилфуза Худоёрова  ва Шаҳзода Назризода ба даври ниҳоии озмуни "Зебосанам - 2019" роҳхат гирифтанд. 

Доварони "Зебосанам - 2019" хонандаи суруди Муқаддас Набиеваро гирён карданд - видео

Рӯзномаҳои дигари озмуни "Зебосанам - 2019" - ро пешкашатон хоҳем кард.

Ёдрас мешавем, ки мақсад аз гузаронидани озмунро эҳёи анъанаҳои мардумӣ, рушду равнақи либосҳои миллӣ, тарғиби ҳунармандӣ дар байни ҷавондухтарон, бахусус интихоб ва пӯшидани либосҳои миллӣ, оро додани рӯю мӯй, тарзи дурусти истифодаи ҷавоҳирот аз ҷониби гулдухтарон, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавондухтарон ва ҳидояти онҳо барои бунёди оилаи солиму баркамол мебошад.

Озмун аз рӯи шартҳои муаррифии ҳусни зебоии табиӣ, эҷодкорӣ, санъаткорӣ, малакаи суханварӣ, маҳорати либоспӯшӣ ва саҳнабароӣ, қобилияти ҳаракатҳои мавзун, қобилияти фикрронӣ, фарҳанги зебоипарастӣ ва ҳунарнамоӣ баргузор мешавад.

Мавзуъ

Эълон дар бораи оғози озмуни ҷумҳуриявии “Зебосанам – 2019”
Доварони "Зебосанам - 2019" хонандаи суруди Муқаддас Набиеваро гирён карданд - видео
Нигина Амонқулова арзёбӣ кард: "Зебосанам - 2019" дар Панҷакент - видео
Барчаспҳо:
озмун, зебосанам, зебосанам

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ