08:23 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Видео

Садҳо ҷангии Толибон ба ҳукумати Афғонистон таслим шуданд - навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
74210
© Youtube

Танҳо давоми ду ҳафтаи ахир садҳо ҷангии Толибон бо гузоштани яроқ ба замин ба ҳукумати Афғонистон таслим шуданд

Ҳукумати Афғонистон аз таслим шудани садҳо ҷангиёни Толибон истиқбол намуданд. Дар вулусволии Нангархори Афғонистон танҳо давоми ду ҳафтаи ахир, наздики 200 ҷангии Толибон силоҳ ба замин гузошта, ба ҳаёти осоишта баргаштанд.

Мақомдорони ин вулусволӣ аз таслим шудани 225 нафар мард, 190 тан занон ва 208 ноболиғон. ки узви созмони мамнӯи Давлати исломӣ буданд,  хабар медиҳанд.

Сесад ҷангии ДОИШ дар Афғонистон ба мақомоти амниятӣ таслим шудаанд

Гуфта мешавад, миёни таслимшудаҳо, аз ҳама беш шаҳрвандони Ҷумҳурии Покистон қарор доштанд. Ҳукуматдорони Афғонистон аз таслим шудани садҳо ҷангиён хуш истиқбол намуда, онро кори муваффақи низомиёни афғон арзёбӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки амалиёти низомиёни Афғонистон алайҳи ҷангиёни толиб танҳо ду ҳафтаи ахир идома дорад ва дар ин муддат ба онҳо муясар шуд, ки беш аз 200 ҷангиро ба ҳаёти осоишта баргардонанд.

Барчаспҳо:
Толибон, ҷангиён, таслим, Афғонистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ