Рақси маҳини тоҷикдухтари 6 сола бо чакан

Обуна шудан
Навори рақси маҳини духтараки 6 - солаи тоҷик дар озмуни Central Asia Got Talent корбарони шабакаҳои иҷтимоиро тасхир намудаст

Нозия Давлатова дар даври ниҳоии озмуни мазкур, рақс бо либоси шинами чаканро пешкаши доварон ва тамошобинон гардонда, бо дастҷунбонӣ ва ҳаракатҳои маҳини худ ҳамаро шигифтзада кард.

Ансамбль Падида из Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Рақси чакани ансамбли "Падида" доваронро шигифтзада кард - видео

Нозия ҳамагӣ 6 сол дорад ва яке аз кӯчактарин иштирокчии  озмуни Central Asia Got Talent ба шумор меравад. Ӯ ин навбат танҳо ҳунарнамоӣ накарда, дар иҳотаи ду раққосаи дигар, ки дар даст сӯзанӣ доштанд, ба саҳна баромад. 

Сӯзании зебо  ва иштироки ду раққосаи дигар ҳунарнамоии Нозияро боз ҳам пурратар ва рангинтар намуд,

Нозия мегӯяд, дар интихоби либос ва рақс ба ӯ модараш кумак мекунад. 

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл ҳунарманди ҷавони тоҷик Чоршанбе Аловатов бо баромади фавқуллодаи худ ҳайати доварони ин озмунро тасхир кард.

Ҳунарманди синамо ва овозхони машҳури Узбакистон Ситора Фармонова истеъдоди Аловатовро "доди Худовандӣ" арзёбӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0