12:28 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Видео

Қазоқистон тасмим гирифтааст ба сохтумони хати газгузар миёни Русия ва Чин ҳамроҳ шавад

Гирифтани линки кӯтоҳ
57 0 0
© Ruptly

Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин Қазоқистон ба Русия пешниҳод кардааст, ки сохтани хати газгузари "Сила Сибири – 2"-ро тавассути Қазоқистон давом диҳад. Ба ақидаи ӯ ҳамроҳшавии кишвар ба ин лоиҳа метавонад роҳи ҳали мушкилоти газ дар минтақаҳои шарқии Қазоқистон бошад

Қазоқистон тасмим гирифтааст минтақаи шарқии кишварро бо газ таъмин кунад. Захираҳои гази ватанӣ наметавонанд талаботи истифодабарандагонро пурра қонеъ кунонанд барои ҳамин мақомоти кишвар ба гази Русия чашм ало кардаанд.

“Бо ба назардошти вазъи экологӣ дар минтақа мо гузинаи пайвастшавӣ ба лоиҳаи "Сила Сибири – 2"-ро баррасӣ мекунем. Мо аз Русия хоҳиш кардаем, ки хати газгузар ба Чинро бо тавасуди Қазоқистон гузаронад”, - Сарвазири Қазоқистон, Аскар Амин.

"Сила Сибири – 2" – лоиҳаи нави хати газгузар аз Русия ба Чин мебошад, ки аз Уренгой то Барнаул ва ба марзи Чин рафта мерасад. Дар моҳи декабр хати газгузари "Сила Сибири" ба истифода дода мешавад, ки вай аз рӯи шартномаи 30 сола миёни Русия ва Чин хидмат хоҳад кард.   Аммо Русия мехоҳад ду баробар ҳаҷми содироти газро ба Чин ба воситаи лоиҳаи "Сила Сибири – 2" афзояд. Ин лоиҳа метавонад бисёр муфид бошад барои кишварҳое, ки дар он иштирок хаҳанд, кард барои ҳамин Қазоқистон мехоҳад хати газгузар тавасути кишвар гузарад.  



Барчаспҳо:
газ, Чин, Қазоқистон, Русия

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ