18:21 21 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Видео

Зебо ва сухандон: Мунира доварони "Зебосанам - 2019" - ро тасхир кард - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
537 0 0
© Youtube / TMT Shahnavoz

Мунира Баҳромзода бо қомати баланд, мӯйи дароз ва сухандонияш доварони озмуни "Зебосанам - 2019"-ро тасхир карда ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт

Дар шаҳри Душанбе марҳилаи дуюми озмуни ҷумҳуриявии "Зебосанам - 2019" оғоз шуд.

Аз даври аввали озмун, ки дар вилояти Суғд, Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳамагӣ 70 гулдухтар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Акнун ҳар барномае, ҳафт нафарӣ ҳунару маҳорати худро пешкаши доварон мекунанд ва танҳо ду кас аз як барнома, бо аз худ кардани бештарин танга, ба даври ниҳоӣ роҳхат мегирад.

Ба ҳунару зебогии духтарон дар марҳилаи дуюми озмун чаҳор довар - корманди соҳаи телевизион ва радио Дилхоҳи Нозиршоҳ, ҳунарманди маъруф Иззат Шарифӣ, овозхон Зафар Абдуалимов ва коргардон Соро Музофиршоева баҳогузорӣ карданд.

Доваронро ҷасорати ҳамаи духтарон дар ҳайрат гузошт, бахусус суханронии Мунира Баҳромзода ҳамаи довраонро тасхир кард.

"Шумо аз аввал бо суханрониятон моро мафтун кардед", - гуфт Дилхоҳи Нозиршоҳ.

Ҳамин тавр бар хилофи барномаҳои пеш, ки аз байни ҳафт ширкаткунанда танҳо ду нафар ба даври ниҳоӣ роҳ меёфт, ин бор се кас - Лолаи Ҳошим бо 37 хол ва Мунира Баҳромзодаю Хосият Сиддиқова бо 35-холӣ ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Ногуфта намонад, ки дар барномиа аввали даври дуюми "Зебосанам - 2019" Дилфуза Худоёрова доварони "Зебосанам - 2019" - ро тасхир карда буд.

Ёдрас мешавем, ки мақсад аз гузаронидани озмунро эҳёи анъанаҳои мардумӣ, рушду равнақи либосҳои миллӣ, тарғиби ҳунармандӣ дар байни ҷавондухтарон, бахусус интихоб ва пӯшидани либосҳои миллӣ, оро додани рӯю мӯй, тарзи дурусти истифодаи ҷавоҳирот аз ҷониби гулдухтарон, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавондухтарон ва ҳидояти онҳо барои бунёди оилаи солиму баркамол мебошад.

Нигина Амонқулова арзёбӣ кард: "Зебосанам - 2019" дар Панҷакент - видео

Озмун аз рӯи шартҳои муаррифии ҳусни зебоии табиӣ, эҷодкорӣ, санъаткорӣ, малакаи суханварӣ, маҳорати либоспӯшӣ ва саҳнабароӣ, қобилияти ҳаракатҳои мавзун, қобилияти фикрронӣ, фарҳанги зебоипарастӣ ва ҳунарнамоӣ баргузор мешавад.

Барчаспҳо:
тасхир кардан, озмун, зебосанам

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ