10:52 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Видео

Оё зӯри бозуи Чориева метавонад "муноқишаи оилавӣ" - ро ҳал кунад

Гирифтани линки кӯтоҳ
1045 0 0
© Youtube / Oila TJ

Мавзуна Чориева муштзани тоҷик иқрор шудаст, ки ҳарчанд қаҳрамони ҷаҳон ва муштзани моҳир аст, вале қувваи бозуи ӯ ба шавҳараш намерасад

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Мавзуна Чориева варзишгарбонуи маъруфти тоҷик мегӯяд, боре ҳам фикр накардаст, ки дар муноқишаи оилавӣ аз зӯри бозуи худ истифода барад.

Ин варзишгари тоҷик дар мусоҳиба бо хабарнигори сомонаи "Оила" изҳор намудаст, ки агар чандин маротибаи дигар қаҳрамони ҷаҳон шавад ҳам, лек қувваи бозуи ӯ ба шавҳараш намерасад.

"Як зарбаи мард басанда аст барои ҷинси латиф", - мегӯяд Чориева.

Мавзуна бар ин бовар аст, ки занон хоҳ варзишгар бошанд хоҳ на, зӯрашон ба мардҳо ҳеҷ гоҳ намерасад. 

Чориева пас аз садама: як лаҳзаи ҳаёт бо ҳамсарам ба сад медал намеарзад - видео

Зимнан, Чориева бо шукргузорӣ аз оилаи кӯчак ва солими худ афзудааст, маҳз дӯстдорӣ ва иззату ҳурмати тарафайн аст, ки давоми 8 сол бо ҳамсараш зиндагии орому созанда ба сар мебаранд.

Ӯ изҳор намудаст, ки ба мисли духтарони тоҷик қабл аз шавҳар кардан ба ҳаёти оилавӣ омода набуд. Чун тарзи тайёр кардани хӯрок ва сомон додани чандин корҳои хонаро намедонист.

"Вақте хонаводаи ҳамсарам ба хостгорӣ омаданд, модарам ошкорона гуфт, ки фарзанди ман ҳоло омода нест. Вале  ҷониби дигар модарамро ором карда, гуфтанд. ки мо ҳама корҳоро ба ӯ ёд медиҳем", - изҳор намудаст Мавзуна.

Феълан ин муштзани муваффақи тоҷик соҳиби як духтарча буда, эҳтимол фарзандаш низ ҷодаи варзишро интихоб кунад

Худи Мавзуна ҳам дар мавриди ояндаи духтараш изҳор намуд, ки волидони ӯ ба интихоби касбаш монеагузорӣ накарданд ва ӯ низ ин коррро намекунад.

Чориева барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Лондон мебошад.

Гузашта аз ин дар Кумитаи миллии олимпии кишвар сардори шӯъбаи варзиш оид ба омодагӣ ба бозиҳои олимпӣ ва инчунин вакили халқии шаҳри Душанбе мебошад.

Барчаспҳо:
навор, варзиш, Мавзуна Чориева

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ