Арчаи бошукӯҳи Соли навӣ: Душанбе ба пешвози соли 2020 омода аст - навор

Обуна шудан
Шаҳри Душанбе ҳамакнун ба пешвози Соли нави мелодӣ пурра омода шудааст. Ороиши арчаи Соли навӣ ва кӯчаю паскӯчаҳои шаҳрро дар навори омодакардаи Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед

Душанбе Соли нави 2020 - ро бо арчаи 29 - метра пешвоз мегирад. Ороиши арчаи асосии Соли навӣ дар Душанбе сар аз авоили моҳи декабр шурӯъ шуда 10 - уми декабр корҳои ородиҳӣ пурра анҷом расид.

Посетители на празднике Русская зима, Суздаль, 1977 год - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашни дӯстдошта: Соли навро дар давраи ИҶШС чӣ хел пешвоз мегирифтанд? - акс

Арчаи Соли навиро бо 6 ҳазор бозичаҳо оро доданд, ки ҳаҷми ҳар кадоми онҳо баробар ба ҳаҷми харбуза аст. 

Зимнан, кӯчаҳои шаҳри Душанберо низ ба омод омади Соли нави 2020 оро доданд ва аз дидани чунин манзара сокинон ва меҳмонони он боз ҳам болидахотир мешаванд.

Ҳамчунин бо супориши шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маркази шаҳр ярмаркаҳои фуруши идона кушода шудаанд, ки сокинони метавонанд бо нархи дастрас маҳсулоти лозимиро барои худ харидорӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0