21:37 25 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Видео

Навори суқути ҳавопаймо бо 100 сарнишин дар Қазоқистон

Гирифтани линки кӯтоҳ
255 0 0
Sputnik

Ҳавопаймои мусофирбари хатсайри Алмаато - Нур-Султон пас аз парвоз суқут кард. Тибқи иттилои манбаъ 14 кас ҷон бохт

Бино ба гузориши Sputnik Қазоқистон тақрибан 30 каси дигар дар беморхона бистарӣ шуданд. 

Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо пас аз парвоз дигар ба баландӣ баромада натавониста, девори бетониро шикаста ва ба бинои дуошёна бархӯрд.

Шумораи  қурбониён ҳамоно афзоиш дорад.

"Имрӯз ҳавопаймои ширкати "Бек эйр", ки тариқи хатсайри 2100 Алмаато-Нурсултон, соати 7:05 парвоз кард, аз радар ғайб зад. Дар дохили ҳавопаймо 95 мусофир ва 5 сарнишин воқеъ буданд", - омадааст дар хабарнома аз фурудгоҳи Алмаато.

Дар ин росто бо супориши сарвазири кишвар барои таҳқиқи ин ҳодиса комиссияи вижаи ҳукуматӣ ташкил шудааст. Комиссия аллакай ба ҷои ҳодиса парвоз кардааст.

Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев ба хешону пайвандони қурбоншудагон ҳамдардӣ кардааст.

"Ҳамаи он нафароне, ки дар ин қазия айбдоранд, тибқи қонун ҷазо хоҳанд гирифт", - гуфт раисиҷумҳур.

Тибқи иттилои охирин то ин дам дар паи суқути ҳавопаймо, 14 кас ҷон бохт.

Барчаспҳо:
Қазоқистон, ҳавопаймо, суқут, навор

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ