18:42 25 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.16
Видео

Тафсилоти пурраи суқути ҳавопаймо бо 100 сарнишин дар Қазоқистон

Гирифтани линки кӯтоҳ
409 0 0
© Youtube

Субҳи 27 декабр ҳавопаймои мусофирбари Fokker-100 ширкати ҳавонавардии Bek Air дар наздикии Алмаато бо 93 сарнишин ва 5 халабон суқут кард

Бар тибқи маълумоти муқаддамотӣ бар асари ин фалокат дасти кам 12 сарнишин бо шумули як халабон ба ҳалокат расиданд.

Гуфта мешавад, феълан дар бемористон 48 сарнишин қарор доранд, ки вазъи саломатии 12 нафари онҳо бо шумули халабони дуюм вазнин арзёбӣ мешавад.

Тоҷикистониҳо миёни қурбониёни суқути ҳавопаймои “Бек Эйр” нестанд

Тафтишот ду иллати ба садама дучор шудани ҳавопайморо пешбинӣ мекунад, ки яке иштибоҳи халабон ва дигаре нуқси техникӣ мебошад.

Пас аз рух додани ҳодисаи нохуш, истеҳсолоти ҳавопаймои мазкур дар Русия ва Қазоқистон муваққатан қатъ карда шуд ва ҳамзамон фаъолияти ширкати ҳавонавардии Bek Air низ боздошта шуд.

Имрӯз бошад дар сартосари Қазоқистон мотами миллӣ эълон гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймои мусофирбари хатсайри Алмаато - Нур-Султон пас аз парвоз суқут кард. 

Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Қосим-Жомарт Тоқаев

Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо пас аз парвоз дигар ба баландӣ баромада натавониста, девори бетониро шикаста ва ба бинои дуошёна бархӯрд.

Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев ба хешону пайвандони қурбоншудагон ҳамдардӣ баён намудаст. Ҳамзамон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар робита ба ин ҳодисаи нохуш унвонии президенти Қазоқистон номаи ҳамдардӣ ирсол намуд.

Барчаспҳо:
ҳавопаймо, суқут, Қазоқистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ