07:49 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Видео

"Бе кондуктор": дар роҳҳои Душанбе маршруткаҳои сохти Тоҷикистон пайдо шуданд - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
601 0 0

Дар роҳҳои Душанбе маршрутҳои дар Тоҷикистон банду бастшуда, пайдо шуданд. Ҳоло шумораашон начандон зиёд аст, чун ин даври озмоишии маршрутҳо мебошад

Дар умум дар кӯчаҳои Душанбе се навъи маршруткаҳо - панҷдонаӣ аз ҳар намуд ба сафари озмоишӣ бароварда шудаанд. 

"Дар ин маршруткаҳо дигар ниёз ба кондуктор нест. Чун дарҳои нақлиёт худ автоматӣ боз мешаванд ва ҳаққи сафар низ танҳо тавассути кортҳои электронӣ пардохт мешавад", - гуфт ронандаи яке аз ин навъи маршруткаҳо Маҳмадулло Шарипов.

Ҳар навъи маршруткаҳо симо ва ғунҷоиши худро дорад ва танҳо аз сокинони Душанбе вобаста аст, кадом навъи маршруткаҳоро интихоб мекунанд ва кадом намудро барои истеҳсоли минбаъдӣ тавсия медиҳанд: аввал барои бозори дохилӣ ва баъд барои содирот.

Мусофирон барои санҷиши кайфияти маршруткаҳои ҷадид ба нақлиёти пешин савор намешаванд.

"Нақлиёти ҷадид бисёр хушоянд аст. Дохилаш барҳаво, пардохт тавассути корти электронӣ, ки хеле бароҳат аст. Ман корти донишҷӯӣ бо тахфифи 15 дарсадӣ харидорӣ мекунам", - гуфт донишҷӯй Шодӣ Усмонзода.

Овоздиҳӣ ба тарафдории ин ё он навъи маршруктаҳо дар интернет ба роҳ монда хоҳад шуд. Ҳамчунин фикри сокинони пойтахтро дар кӯчаҳои Душанбе низ хоҳанд пурсид.

Барчаспҳо:
маршрут, нақлиёт, Душанбе

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ