07:27 29 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Видео

Меҳрнигори Рустам аз кӣ гурезон аст?: нашри суруди нав - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
3159 0 0
© Youtube / Mehrnigor Rustam

Меҳрнигори Рустам дар суруди нав аз ҷавони ошиқе ҳикоя мекунад, ки бо ҳазорон илтимос барои дидор бо маъшуқа дақиқаҳо мешуморад

Овозхони машҳури эстрадаи тоҷик Меҳрнигори Рустам суруди тозаи худро таҳти унвони "Ношинос" дар шабакаи Youtube нашр кард.

Матни ин суруд ба қалами рӯзноманигори шинохта Орзу Исоев тааллуқ дорад. Оҳанги сурудро худи Меҳрнигор таълиф карда, Шароф шакарӣ онро оранжировка кардааст.

Меҳрнигори Рустам дар суруди нав аз ҷавони ошиқе ҳикоя мекунад, ки бо ҳазорон илтимос барои дидор бо маъшуқа дақиқаҳо мешуморад, вале маъшуқа аз ӯ гурезон аст.

Баҳси Меҳрнигору афғонҳо пас аз бозхонии суруди Аҳмад Зоҳир - видео

Суруд дар шабакаи Youtube рӯзи 13 январ нашр шудааст. То имрӯз онро аз саҳифаи Меҳрнигор беш аз 40 ҳазор кас гӯш карда ва наворашро 2 ҳазор нафар тамошо кардааст. Сурудро беш аз 500 кас писандидааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Меҳрнигори Рустам соҳиби мукофоти байналмилалӣ "Содружество дебютов" (Иттиҳодияи нахустнамоишҳо) дар кишварҳои ИДМ шуд.

Овозхони ҷавон Меҳрнигори 25-сола ва яккасарои оркестри Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, дар фаъолияти овозхонии худ борҳо соҳиби ҷоизаҳои мухталиф шудааст.

Меҳрнигори Рустам барандаи ҷоизаи байналмилалӣ шуд

Аз ҷумла Меҳрнигор дар озмуни "Чуҷаи заррин" ва Ҷашнвораи сурудҳои халқӣ соҳиби Гран при шудааст.

Дар баробари ин овозхони ҷавон дорандаи нишони Бозиҳои Делфини Алмаато дар соли 2007 буда то кунун ду албом  - "Тоҷикистон" ва "Шодиёна" - ро сабт ва пешкаши мухлисон кардааст.

Рақс бо сарӣ болои “капот”: Меҳрнигор намоҳанги ҷадидашро нашр кард - видео

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ