00:10 27 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.16
Ruptly / РИА НОВОСТИ

Садҳо сокинони Сурия аз минтақаҳои таҳти назорати ҷангиёни вилояти Идлибро тарк карданд. Оташбас 12 январ эътибор пайдо кард

Дар ин ҷо оташбас чанд рӯз боз идома дорад - Русия ва Туркия дар ин бора ба мувофиқа расиданд. Фармондеҳи воҳиди артиши Арабии Сурия. Тавре мебинед, таҷҳизот хомӯш карда шудааст.

Мо ба созишномаҳое, ки ҳукумат бо мақсади таъмини амнияти мардуми осоишта ба даст овардааст, риоя мекунем. Ба туфайли оташбас, сокинони маҳаллӣ метавонанд минтақаҳои таҳти назорати ҷангиёнро тарк кунанд.

Барои ин артиши Сурия се дидбонгоҳи махсус кушод. Гурезаҳоро кӯмаки тиббӣ интизор аст, оби нӯшокӣ, хӯрокворӣ ва чизҳои ниёзи аввалия.

"Ман ва оилаам бо мушкилӣ аз минтақаи “деэскалатсия” дар Идлиб гурехтем. Ман хеле шодам, ки ба гузаргоҳ наздик шудам. Ҷангиён намехоҳанд гурезаҳоро раҳо кунанд, барои ин пули зиёд талаб мекунанд ва инчунин мегӯянд, ки моро зиндони хоҳанд кард", - гуфт Тафиқ Абдуллоҳ, сокини Абу ал-Дӯҳур.

Вазъият дар Сурия мушкил боқӣ мемонад. Иёлоти Муттаҳида дар Сурия ҳадафҳои худро пайгирӣ намуда тартиботро халадор мекунанд.

Вашингтон на танҳо ба ғорат кардани нафти Сурия манфиатдор аст. Кохи Сафед мекӯшад таъсири худро дар Шарқи Наздик нигаҳ дорад. Аммо ин нақшаҳо эҳтимол ба иҷро нарасанд - рақибони хеле сахт дар роҳи прагматизми ИМА истодаанд.

Барчаспҳо:
низоми оташбас, оташбас, Сурия, Туркия, Русия

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ