12:42 21 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Видео

Сохтакорӣ ё ҳақиқат: фурӯтании Макгрегор дар дидори рӯбарӯкунӣ бо Серроне - навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
716 0 0
© Youtube

Қаҳрамони собиқи UFC, размикори ирландӣ Конор Макгрегор нахустин дидори рӯбарӯкунӣ бо рақиби амрикоии худ Доналд Серроне баргузор кард

Нашрияи варзишии MMA Fighting навори дидори рӯбарӯкунии размикори ирландӣ Конор Макгрегор ва Доналд Серронеро нашр намуд.

Дидори ин ду размикор дар Лос - Вегас ба шевае, ки қаблан барои Макгрегор бегона буд, баргузор гардид. Чун ин размикор маъмулан дар дидори рӯбарӯкунӣ ҳатман нисбати рақибони худ ҳавобаландӣ ва беҳурматияшро нишон медод.

Вале ин навбат дидори ӯ бо Серроне ором ва самимона баргузор гашт.

Ёдовар мешавем, ки муҳорибаи Макгрегор ва Серроне шаби 18 ба 19 - уми январ дар Лос - Вегас баргузор мегардад. Охирин набарди размикори ирландӣ бо Ҳабиб Нурмуҳаммедов қаҳрамони UFC дар вазни сабук доир гардид, ки бо пирӯзии размикори доғистонӣ анҷом ёфт.

Ҳабиб Нурмуҳаммедов дигар Конор Макгрегорро рақиби худ намедонад

Ҳабиб Нурмуҳаммедов рақиби худро бо усули буғикунӣ мағлуб кард. 

Зимнан, Конор Макгрегор чанд бораҳо ба размикори доғистонӣ пешниҳод кард, то ба далели дархости ҳаводорони ин намуд варзиш,  як муҳорибаи такрориро баргузор кунанд, вале Ҳабиб дархости ӯро пайваста рад мекунад ва изҳор медорад, ки зарурати баргузор кардани рақобати такрорӣ бо Конорро намебинад.

Барчаспҳо:
навор, рӯбарӯкунӣ, дидор, размикор

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ