10:00 17 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Видео

Сардиҳои бесобиқа дар Афғонистон: даҳҳо сокини маҳаллӣ ҳалок шуданд - навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
140 0 0
© RUPTLY

Боришоти барфи шадид ва сардиҳои бесобиқа пойтахти Афғонистон, шаҳри Кобул ва дигар минтақаҳои кишварро фаро гирифтааст. Вазъи ногувори сокинони кишвар ва гурезаҳое, ки дар лагерҳо ба сар мебаранд аз навор тамошо кунед

Дар Афғонистон аз бориши шадиди барф то кунун 39 нафар ҷон додаанд. Аммо ҳукумати ин кишвар мегӯяд, шумори ҳалокшудагон ба эҳтимоли зиёд аз ин адад бештар аст.

Дар Покистон се деҳа зери ғарами барф монданд: 100 нафар ба ҳалокат расид

Ҳамзамон, беш аз 300 манзилҳои зист бар асари зери барфу тарма мондан, вайрону валангор гардиданд.

Гуфта мешавад, дар Афғонистон  аз ҳама беш гурезаҳое, ки дар лагерҳо ба сар мебаранд, аз хунукӣ ва яхбандиҳо азият мекашанд. 

Азоби лагернишинонро аз навори таҳиякарда тамошо кунед.

Барчаспҳо:
навор, сармо, Афғонистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ