01:04 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Видео

"Балҷувон": Зулайхо аз муҳаббат, зулми хушдоман ва ноадолатии замон сароид - навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
723 0 0
© Youtube / Zulaykho Mahmadshoeva

Овозхони хушсадо ва хушсимои Тоҷикистон Зулайхо Маҳмадшоева дар Соли нав ба ҳаводорони худ намоҳанги ҷадидашро ҳадя намудаст

"Балҷувон" намоҳанги ҷадидест, ки Зулайхо Маҳмадшоева сарояндаи муваффақи тоҷик дар арафаи Соли нав ба ҳаводорони худ армуғон овардаст.

Намоҳанги ҷадидро Зулайхо дар сафҳаи худ дар шабакаи YouTube рӯзи 2 - юми январ нашр намудаст, ки аллакай беш аз 118 ҳазор нафар онро тамошо ва беш аз ҳазор бинанда писандиданд.

Дар намоҳанг Зулайхо худ нақши занеро мебозад, ки писанди хушдоман ва хеши шавҳараш набуда, ба ҳар роҳу усул мехоҳанд ӯро аз ҳамсараш ҷудо ва аз хона пеш кунанд.

Насиҳати Зулайхо Маҳмадшоева ба мардуми Тоҷикистон

Эҳтимол нақшаи ин намоҳанг аз зиндагии аксар занони тоҷик гирифта шудааст, ки тӯъмаи ноадолатии замона шуда бо оилаи солими худ падруд мегӯянд.

Муҳим аз ҳама ин аст, ки оқибати ин қиссаи ғамгин ба пушаймонии хушдоману ҳамсари ӯ оварда онҳо талош мекунанд, ки ӯро дубора ба хонаводаи худ биёранд. 

Зулайҳо Маҳмадшоева яке аз муваффақтарин сарояндаҳои тоҷик мебошад, ки овози бисёр маҳину дилчасп дорад. Ӯ оиладор ва соҳиби ду писар аст.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ