15:29 31 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Видео

Рақс, шиноварӣ ва ҳавонавардии Путин: наворҳое, ки касе надида буд

Гирифтани линки кӯтоҳ
26110
Sputnik

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар 20 соли президентиаш нақшҳои гуногунро бозидааст. Дар чанд наворе, ки пештар касе надида буд, Путини шиновар, раққос ва ҳавонавардро метавон дид

Дар сайти раисҷумҳури Русия аксу наворҳои бойгонии Владимир Путин нашр шудаанд, ки пештар касе надида буд. Ин аксу наворҳо аз солҳои гуногун ҷамъоварӣ шудаанд ва 20 соли раисҷумҳурии Путинро дарбар мегиранд.
Қисми бештари аксу наворҳо эксклюзиванд, онҳоро аккосу опреаторҳои шахсии президент гирд овардаанд.

Дар он метавон дид, ки Путин дар тӯли 20 сол кадом нақшҳоро бозидааст.

Соли 2000 президент дар СУ-27 ҳавонавардӣ мекунад.

Дар навори дигре Путин бо делфинҳо шиноварӣ мекунад.

Ҳамчунин дар навори дигар раисҷумҳур соли 2008 ҳангоми хӯроки шом бо президенти пешини Амрико Ҷорҷ Буш рақс мекунад.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур менависад, ҳоло соли 2020 аст ва архиви аксу наворҳои ҷолиби Путин бойтар мешаванд.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ