01:06 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Видео

Лаҳзаҳои тезутунд аз бозии мунтахаби наврасони тоҷик бо тими Исландия - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
99 0 0
© Youtube / Беларуская федэрацыя футбола

Дар интернет навори бозии мунтахаби навроасони Тоҷикистон бо дастаи исландия пайдо шуд, ик аз пирӯзии комили варзишкорони тоҷик дарак медиҳад

Дастаи футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2020"-ро дар шаҳри Мински Беларус бо пирӯзӣ оғоз кард.

Дар даври аввал варзишкорони тоҷик бар дастаи наврасони Исландия бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Голҳоро аз ҳайати Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Худойдодзода дар дақиқаи 27-ум ва Суннатулло Азизов дар дақиқаи 75-ум ба ҳадаф расониданд.

Бозии дигари гурӯҳи "В" миёни дастаҳои наврасони Исроил ва Гурҷистон мусовӣ (1:1) анҷом ёфт.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм- 21 январ бо дастаи Исроил вомехӯрад. Бозӣ соати 14:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми рушд-2020 8 даста дар ду гурӯҳ як давр бозӣ мекунанд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо ба финал мебароянд, дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо барои ҷои сеюм бозӣ мекунанд.

Барчаспҳо:
пирӯзӣ, Футбол, Исландия, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ