23:48 19 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Видео

Ногаҳонӣ шуд: суҳбати Бениамин аз ашкрезӣ назди Президенту хандааш аз беморхона-видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
1536 0 0
© Youtube / КАНАЛИ ТОЧИКИ

Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон аз ҳоли Бениамин Илҳоми 10-сола, ки бо захми рӯда дар маҷмааи тиббии "Истиқлол" бистарӣ шудааст, гузориш нашр кард

Биниамин, ки баъди суҳбаташ ба раисиҷумҳур дар беморхона бистарӣ шуд, зимни гузориши телевизионӣ ҳолати баргузории суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмонро нақл кард.

Зокир Шарифов, табиби беморхонаи “Истиқлол” дар гузориш иттилоъ дод, ки барои ташхиси Биниамин консилиуми иборат аз мутахассисони варзидаи тибби кишвар ташкил шуда, феълан раванди ташхис идома дораду ҳолати умумии бемор рӯ ба беҳбудӣ мебошад.   

Гулзода Юсуфова, модари Бениамин низ дар гузориш изҳори миннатдорӣ кардаст, ки бо дастгирии раисиҷумҳури Тоҷикистон писараш таҳти назорати беҳтарин табибон қарор дорад.

Биниамини Илҳом дар бораи суҳбату ашкрезияш назди Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки “бо президенти Тоҷикистон ногаҳон ҳамин хел вохӯрдем, ба ман гуфт, ки падару модарат чӣ кор мекунанд? Ман гуфтам, падарам сарҳадбону модарам хонашин аст. Боз гуфтанд, дар оянда худатон кӣ шудан мехоҳед, ман гуфтам, духтур”.

Тибқи наворҳое, ки нашр гардиданд, зимни суҳбат маълум шуд, Биниамин мариз аст ва ва интихоби касби оянда низ бесабаб нест, чун мехоҳад дарди худро шифо бахшад.

Баъди шунидани чунин посух, раисҷумҳур сари ин хонандаро сила карда, барои табобати ройгони ӯ дастур дод ва хост, аз аз натиҷаи муолиҷаи Бениамин ба ӯ ҳисобот диҳанд.

Барчаспҳо:
табобат, Беморхона, Эмомалӣ Раҳмон, кӯдак, гиря, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ