00:27 26 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Видео

Навори ангурчинии Президент ва Рустам Эмомалӣ

Гирифтани линки кӯтоҳ
178 0 0
© Youtube / ABDULLO_MEDIA

Тавре дар навор дида мешавад, Эмомалӣ Раҳмон сабадеро пур аз ангур мекунад ва сипас президент ба анбори ангур ворид мешавад. Дар қуттиҳое, ки ангур нигоҳ дошта мешаванд, беҳтарин намуди мева, аз ҷумла кишмиш, ҳусайнӣ, ангури сияҳ, сурх ва сафедро дидан мумкин аст

Дар интернет наворе пайдо шудааст, ки дар он раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар боғе ангур ҷамъоварӣ мекунанд.

Тавре дида мешавад, раисҷумҳур ва писараш дар тан либоси зимистона доранд ва аз ин бармеояд, ки онҳо ангури навъи дерпазро мечинанд.

Онҳо дар боғи ангурпарвари машҳури Тоҷикистон Ҳоҷӣ Неъмат ва Камол қарор доранд.

Ёдрас мешавем, яке аз ангурпарварони машҳур Ҳоҷӣ Камол имсол аввалҳои моҳи январ даргузашта буд ва раисҷумҳур бо Рустам Эмомалӣ ба Турсунзода ба фотеҳахонӣ рафта буданд.

Тавре дар навор дида мешавад, Эмомалӣ Раҳмон сабадеро пур аз ангур мекунад ва сипас ба анбори ангур ворид мешавад.

Дар қуттиҳое, ки ангур нигоҳ дошта мешаванд, беҳтарин намуди мева, аз ҷумла кишмиш, ҳусайнӣ, ангури сияҳ, сурх ва сафедро дидан мумкин аст.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ