Таҳдиди биологӣ: дар бораи коронавируси нав аз Чин, чӣ маълум аст - навор

Обуна шудан
Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Ухан хабар доданд. Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Феълан шумораи сироятшудаҳо рӯ ба афзоиш аст

Бино бар омори расмӣ, дар Чин 800 нафар ба вируси "тоҷдор" олуда  шуда, 26 нафар ҳалок гаштаанд ва 177 тан дар шӯъбаҳои эҳё дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Врачи в Китае - Sputnik Тоҷикистон
18 нафар: "вируси тоҷдор" – ро дар Тоҷикистон хона ба хона хоҳанд ҷуст

Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Ухани Чин пайдо карданд. Охирҳои моҳи декабр пизишкони шаҳри мазкур аз зуҳури бемории илтиҳоби шуши шубҳанок хабар доданд, ки пештар ба қайд гирифта нашуда буд. Дертар маълум гардид, ки манбаи бемории мазкур вируси нави навъи 2019-nCoV будааст, ки сирояткунанда мебошад.

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид. Феълан гирифторони короноврус дар Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, ИМА, Ҷопон ва Ветнам ба қайд гирифта шудаанд.

Тоҷикистон сафари шаҳрвандонашро ба Чин маҳдуд мекунад

Як бемори дигарро дар Австралия бо шубҳаи вируси тоҷдор бистарӣ карданд. Дар Русия ва Белорус низ чанд нафарро ба вируси тоҷдор шабҳа карданд, аммо тасдиқ нашуд.

Кишварҳои зиёде дар фурудгоҳҳо ташхисҳои иловагӣ ҷорӣ мекунанд. Ҳоло, дар Чин шаҳри Ухан ва Хуанганро бастаанд. Даромад ва баромад ба ин шаҳрҳо маҳдуд шудааст, нақлиёти ҷамъитӣ ва чанд иншоот дар шаҳр муваққатан аз фаъолият бозмондааст.

Шаҳрҳои калони Чин таҳти назорати шадид қарор доранд.

То ҳол пизишкон роҳҳои пешгирӣ ва ваксинаеро аз короновирус наёфтаанд. Нишонаҳои бемориро таби баланд, сулфа ва нафасгирии мушкил гуфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0