10:47 27 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Видео

Ларзиши девору гурези одамон: навори заминларзаи даҳшатбор дар Туркия

Гирифтани линки кӯтоҳ
228 0 0

Дар пайи заминларза дар музофотҳои шарқии Туркия - Малатия ва Элязиғ 20 тан ҳалок ва 1015 нафар маҷрӯҳ шуданд

Заминларзаи шадиди 7-балла шоми 25 январ дар ду музофоти калони Туркия рух додааст. Бино бар иттилои Агентии ҳолатҳои фавқуллодаи кишвар, дар ҷойи ҳодиса 493 гурӯҳ кор мебаранд.

Дар наворҳое, ки шоҳидон нашр кардаанд, ҷунбиши шадиди замин ва биноҳо, таҳлукаи сокинон дида мешавад.

Мақомоти кишвар, ба сокиноне, ки манзилҳояшон пурра тахриб шудааст, 1689 хайма, 1656 кат ва дигар лавозимоти аввалиндараҷа дастрас кардаанд. Ширкатҳои мобилӣ дар ду музофот хизматрасони ройгон ҷор кардаанд.

Тафсилоти бештарро аз навори шоҳидон тамошо кунед.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ