Ҳамагӣ як гол то тилло: навори бозии тезутунди ҷоми футболи Тоҷикистону Белорус

Обуна шудан
Мунтахаби наврасони тоҷик дар давраи ниҳоии "Ҷоми рушд-2020" бозиро бо тими Белорус 2 бар 2 ва пеналтиро 5 бар 4 анҷом доданд. Ҳамин тавр, ба мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳамагӣ як гол ба ҷоми тилло нарасид

Мунтахаби наврасони тоҷик дар давраи ниҳоии "Ҷоми рушд-2020"  бо тими Белорус ба майдон баромад

Мунтахаби наврасони тоҷик дар давраи ниҳоии "Ҷоми рушд-2020" бозиро бо тими Белорус 2 бар 2 ва пеналтиро 5 бар 4 анҷом доданд.

Ҳамин тавр, ба мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳамагӣ як гол ба ҷоми тилло нарасид.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки тими наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар даври ниҳоии бозиҳои гурӯҳии мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2020”, ки дар Мински Белорус ҷараён дорад, бар дастаи Гурҷистон бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда, ба финал баромад.

Голҳоро дар ҳайати Тоҷикистон Алиҷони Айнӣ дар дақиқаи 36 ва Суннатулло Азизов дар дақиқаи 77 заданд.
Шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар даври аввал бар тими Исландия пирӯз шуда (2:1) дар даври дуюм аз Исроил шикаст (0:4) хурда буданд.
Дар бозии дигари гурӯҳ Исландия бар Исроил бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи “В” Тоҷикистон бо 6 хол ҷои аввалро ишғол кард. Исландия ва Гурҷистон бо 4-холӣ мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм, Исландия бо се хол дар зинаи чорум мавқеъ гирифтанд.

Лентаи хабарҳо
0