Тадобири амниятӣ дар фурудгоҳи Душанбе шадидтар шуданд

Обуна шудан
Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфтанд, ки сабаби шадидтар шудани тадобири амниятӣ дар фурудгоҳ зуҳуҳури вируси нав дар Чин мебошад

Дар Тоҷикистон чорабиниҳои назорати санитарию эпидемиологӣ бо далели паҳншавии босуръати вируси тоҷдор шадидтар гаштаанд.

Дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳо нуқтаҳои санитарӣ ба кор шурӯъ карданд, ки ба вазорати тандурустӣ тааллуқ доранд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  таҷҳизоти махсус гузошта шудааст, ки шаҳрвандони аз Чин воридшавандаро тавассути он ташхис мекунанд.

Люди, одетые в защитную одежду, дезинфицируют область в Ухане - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус ҳолати фавқулодаи байналмилалӣ эълон шуд

Мирмуҳаммад Камолзода, муовини вазири беҳдошти кишвар мегӯяд, Тоҷикистон барои ҷилавгарӣ аз маризии коронавирус тамоми тадбирҳоро андешида истодааст.

Ба гуфтаи муовини вазири беҳдошт, ин нав маризии сироятӣ аслан дар бадани ҳайвоноти хонагӣ, хусусан паррандаҳо, чорвои калони шохдор ва хук хурӯҷ намуда, сипас ба одам интиқол меёбад.

"Нишонаҳои асосии ин беморӣ, пеш аз ҳама таби баланд, дарди сар, дарди мушаку пайвандҳо ва дарди гулӯ буда, пасон нишонаҳои дигар, аз ҷумла осеб ёфтани роҳҳои нафас ва шушҳо ба вуҷуд меоянд, ки дар муҳлати кӯтоҳ ҳолати бемор вазнин гардида, дар  сурати ба табобат фаро нагирифтан он метавонад ба фавт оварда расонад", - афзудаст муовини вазир.

Сотрудники работают над предотвращением появления нового коронавируса на станции Сусео в Сеуле, Южная Корея - Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Тоҷикистон дар Чин: дар маркази пайдоиши коронавирус 48 шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳаст

Зимни муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда дар 58 нафар вируси ВНМО дарёфт шудааст

Ба изҳори Камолзода, айни ҳол дар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ таҷҳизоти зарурӣ, ба монанди  теплавизор  ва термасканерҳо насб карда шудаанд, ки ҳар як шаҳрванде, ки аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид мегардад,  тавассути онҳо ташхис мешаванд.

Супориши Раҳмон ба ҳукумат: пешгирии бемории “коронавирус” зери назорат гирифта шавад

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват ба аммал овардаанд, ки аз сафар ба Чин худдорӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки охирҳои моҳи декабр мақомоти чинӣ аз пайдо шудани вируси нав дар шаҳри Ухани ҷумҳурӣ хабар доданд.

Феълан, дар тамоми ҷаҳон шумораи гирифтони вируси тоҷдор ба 8 ҳазор расида, 172 нафар аз он ҳалок шудаанд.

Ҳолатҳои гирифторшавӣ ба коронавирус дар Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Таиланд, ИМА, СИнгапур, Ҳиндкстон ва Ҳонгконг ба қайд гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0