18:49 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.49
  • RUB0.15
Видео

"Барои мардон": Абдурозиқ нишон дод, чӣ гуна бояд бо духтар шинос шуд - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
1401 0 0
© Youtube / Avlod Media

Абдурозиқ наврасе, ки чор моҳи пеш аз сӯи гурӯҳи репсарои Барон ба Душанбе оварда шуд, дар саҳнаи нав "шиносоӣ бо духтар" нақш бозид

Абдурозиқ дар саҳнае, ки аз ҷониби шабакаи "Авлод медиа" омода шудааст, нақш бозида, нишон медиҳад, чӣ гуна бояд бо духтар ошно шуд.

Аз навор идда мешавад, чӣ гуна Абдурозиқ бо шиму костюми зебо ва мӯйи шоназада ба назди духтаре омада ва ба ӯ гул тақдим мекунаду дили ӯро меёбад.

Умуман ба гуфти ровӣ "ин барнома барои мардон" омода шудааст.

Дар ин барнома бо намоиши саҳнаҳо нишон дода мешавад, ки чӣ гуна бояд бо духтар муомила кард ва аз кадом усулҳо бояд истифода бурд то муоширати дурустро ба роҳ монд.

Барнома рӯзи 3 феврал дар Youtube нашр шуда, дар муддати як шабонарӯз онро беш аз 90 ҳазор кас боздид карда ва 6 ҳазор кас писандидааст. 

Абдурозиқ ҳоло сокини 17-солаи шаҳри Панҷакент аст, вале сабаби қадпастии ӯро волидонаш ба бемории рахит рабт медиҳанд, ки аз овони хурдсолӣ дучори он шудаву онҳо он замон имкони табобаташро надоштанд.

Вале бо ин вуҷуд Абдуроззиқ як наврасе, ки ақлу хотираи қавӣ дорад ва суҳбатҳояш хеле ширин аст. Ҳатто ҳозирҷавобу чаққон аст.

Ӯ сурудхониро хеле дӯст медорад. Бо дарки ин ҳама вижагиҳо Барон, ӯро ба ҳамкорӣ хоста, худаш сарпарастии ӯро ба зимма гирифта ба Ғиждарва омаду Абдурозиқро ба Душанбе бурд.

Барон ва Абдурозиқ ҳамроҳ чанд суруд сапт кардаанд.

Нахуст суруди “Ватан - Модар” , ки нашри он ҳанӯз дар рӯзҳои аввал марзи як милион тамошобинро дар Youtube гузашт.

Маро тоқа намон: нашри суруду намоҳанги нави Абдурозиқ-видео

Ё худ суруди “Оҳанги дили зор”-и Абдурозиқро то ин муддат 2, 7 милион нафар тамошо кардаанд, ки ба қавле "инқилоб" дар ҷодаи сарояндагӣ дар Youtube гуфта мешавад.

Ҳатто нашри навори охирон аз зодгоҳи Абдурозиқ, ки рӯзи 21 январ нашр шудааст то имрӯз ду рӯз дар  бештар аз 120 ҳазор нафар тамошо карда, 7 ҳазори дигар мақбул дониста ва даҳҳо корбари дигар ба маҳорати сурудхонии Абдурозиқ ибрози назар намудаанд, ки далели таваҷҷӯҳи зиёди мардум ба ҳунару маҳорати сурудхонии ӯ мебошад.

Барчаспҳо:
ошноӣ, саҳна, Душанбе

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ