20:18 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.49
  • RUB0.15
Видео

Доду фарёд ва сӯхтор: шоҳидон муноқишаи хунини марзиро сабт карданд - навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
542 0 0

Муноқишаи хунине, ки дар марзи Қазоқистону Қирғизистон рух дод ва мунҷар ба ҳалокати 8 нафар ва захм бардоштани даҳҳо тани дигар гардида буд, аз ҷониби шоҳидони ҳодиса ба навор гирифта шуд

Навори муноқишаи хунинро шоҳидони ҳол сабт ва ба шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуданд. Дар навор ҷавонони хундарҷӯш, ки дар кучаҳо овораанд нишон дода шудааст. 

Ҳодиса ба ҳангоми бегоҳ рух додааст ва ҳамаҷоро тираи шаб фаро гирифтаст. Аз навор бар меояд, ки дар ҷараёни ин ҳодиса чандин манзилҳои зист мағозаҳо ва биноҳои гуногун оташ зада шудаанд. 

Пулис барои пароканда кардани нафарони норизо аз силоҳи оташфишон истифода будаст, ки дар натиҷа чанд корманди пулис ҳам аз захми тир маҷрӯҳ гардиданд.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз муноқиша сар зад: гаравгонро ба волидонаш супурданд

Ба иттилои вазири умури дохилии Қазоқистон, бар асари ин ҳодисаи хунин дасти кам 8 нафар ҷон аз даст доданд ва ҳамзамон беш аз 40 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Феълан тафтишот аз рӯйи ҳодисаи мазкур идома дорад ва пулис дар пайи пайдо кардани фитнаангезони ин ҳодиса қарор дорад.

Барчаспҳо:
навор, марз, муноқиша

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ