01:03 31 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.26
  • RUB0.13
Видео

Ошиқони аср: зиндагии зану шавҳаре, ки 100 сол бо ҳам ошноянд - Видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
189 0 0

Дар ғарби Гурҷистон зану шавҳаре зиндагӣ мекунанд, ки тӯли 100 сол якҷоянд ва панҷ фарзандро ба воя расонидаанд

Ноэ ва Марям Мумладзе дар наҳияи Чиатури Гурҷистон  ба сар мебаранд.

Моҳи январи соли равон ҳарду ҳам ба сад даромаданд, 76 сол мешавад, ки оила барпо кардаанд.
Ноэ ва Марям аз кӯдакӣ ба ҳам ошно будаанд. Онҳо дар як рӯз таваллуд шуда, як мактабро хондаанд.

"Якдигарро дӯст медорем. Мегӯянд, ки дӯстони ҷониянд, мо ошиқони ҷонием", - мегӯяд шавҳари пиронсол.

Дар умри худ зану шавҳар панҷ фарзандро ба воя расонида, соҳиби 11 набера ва 15 абераанд, ки дар гӯшаву канори гуногуни Гурҷистон зиндагӣ мекардаанд. Аммо Ноэ и Марям  ҳамон деҳарое, ки онҳоро ошно карда буд, тарк накардаанд.

Фарзанди калони оилаи Мумладзеҳо 72 сол ва хурдиашон 63 сол дорад.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ