18:17 07 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.02
  • RUB0.13
Видео

Гуруснаю ташна аз саҳар то 12-и шаб: Чоршанбе дар бораи Central Asia Got Talent - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
1013 0 0
© Youtube / ИМШАБ Channel

Чоршанбе Аловатов овозхони ҷавон ва ғолиби озмуни байнамилалии "Central Asia Got Talent - 2019" дар бораи мушкилиҳои озмун ва нақшаҳояш гуфт

Чоршанбе Аловатов дар барномаи "Муҳити зинда"-и Радиои нав чанд сурудро ба таври зинда сароид ва дар бораи мушкилиҳои озмун нақл кард.

Ӯ ҳамроҳи мусиқачиёнаш - бо рубоби афғонӣ Хушбахт Ниёзов, саксафон Шаҳбоз Каримов ва доирачӣ Шодӣ Боймамадов ба барнома омада буд.

22 - сола: роҳи Чоршанбе ба сӯи пирӯзӣ дар Central Asia Got Talent - видео

Дар рафти барнома, Чоршанбе сурудҳои  "Гул дона дона", "Булбул" аз репертуари овозхонони афғонӣ, суруди фолклории халқи Помир ва "Табиби моҳир" - ро, ки охирин шӯҳрати Чоршанберо дар Тоҷикистон дучанд кард, сароид.

Ӯ аз ширкат дар озмуни "Central Asia Got Talent - 2019" ёдрас шуда гуфт, дар даври интихобӣ, ки дар шаҳри Душанбе гузашт, аз субҳ то соати 12-и шаб интизор буд.

"Ман ҳазору чандум одам будам. Дар даври интихобӣ. Соати 7 - и саҳар рафтам ва то соати 12 -и шаб интизор будам. Ман обед накарда будам, факат саҳар чой хурдаму тамом. Сарам ҳам дард мекард ва бисёр хаста будам, вале фикр кардам, ки бояд худро ба даст гирам. Бо ин ҳама, баромадам дар сатҳи олӣ гузашт", - ёдрас шуд Чоршанбе.

Муъҷиза: Чоршанбе Аловатов бо суруди Далер Назаров доваронро шигифтзада кард - видео

Пас аз ҳунарнамоӣ дар даври дуюм бо суруди Далер Назаров "Агар он турки шерозӣ", Чоршанбе соҳиби тугмачаи тиллоӣ шуд, ки роҳи ӯро ба даври нимниҳоӣ боз кард.

Чоршанбе мегӯяд, яке аз мушкилоти аслӣ барояш интихоби суруд буд.

"Дар даври аввал ва нимниҳоӣ ман худ сурудҳоро интихоб кардам, вале дар даври ниҳоӣ бо чанд кас маслиҳат карда будам", - гуфт Чоршанбе.

Чоршанбе Аловатов бо овозхони машҳури эстрадаи тоҷик Мадина Ақназарова дар коллеҷи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов, ҳамроҳ таҳсил кардааст ва дар тӯю маъракаҳо низ ҳамроҳ баромад кардаанд. Ӯ гуфт, шояд дар оянда ягон суруди муштарак иҷро кунанд.

"Мо як суруд доштем суруди наврӯзӣ, вале то ҳол онро дар ҷое насароидаем. Бояд дар ҷашни Наврӯз мехондем, вале сабташро каме дер кардем. Агар суруде бошад, ки ба овози ман ва Мадина ҷур ояд, месароем", - гуфт Чоршанбе.

Чоршанбе дар бораи нақшаҳояш гуфт, ният дорад дар моҳи март ё дар Рӯзи Модарон ё дар ҷашни Наврӯз консерти яккаи худро баргузор мекунад.

Барчаспҳо:
мушкилот, озмун, овозхон, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ