Рефери бо суръати "нур" ҷони муштзани нокаутшударо наҷот дод - видео

Обуна шудан
Дар интернет наворе паҳн шуда, ки дар он рефери ба кумаки муштзани нокаутшуда омада ӯро аз марг наҷот дод

Ҳадс задан душвор аст, дар сурати ба кумаки муштзан наомадани рефери рақобат дар Бангкок бо чӣ меанҷомид.

Навори ҳодисаи мазкур дар шабакаи YouTube-ThaiCh8 нашр шудааст.

Президент UFC Дана Уайт стоит между бойцами Тони Фергюсоном и Хабибом Нурмагомедовым. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори Ҳабиб Нурмуҳаммедов ба Тони Фергюсон

Размикори UFC рақибашро бераҳмона нокаут карду Ҷон Ҷонcро ба октагон хонд - видео

Дар наворе, ки дар саросари ҷаҳон паҳн шудааст, дида мешавад, чӣ гуна варзишкор аз Камбоҷа Со Соваратхан варзишкори таиландӣ Неймар Паеминбуриро нокаут мекунад.

Навор, ки барои намоиши дуруст, шакли вижа монтаж шудааст, даст медиҳад, то ҳар як ҳаракати рефери ва варзишкорон ба хубӣ дида шавад.

Фёдор Емеляненко Ҷексонро бераҳмона нокаут кард - видео

Дақиқан дида мешавад, рефери оқибати мушти оҳанини варзишкори камбоҷагиро дар лаҳзаҳои охирин пай бурд.

Рефери тавонист, дар дақиқаҳои охирин дасташро аз пеши сари муштзан дошта, ӯро аз маргш наҷот диҳад. 

Дар охир муштзанро дар дохили ринг ба ҳуш оварданд.

Лентаи хабарҳо
0