15:41 12 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Видео

Музокироти  Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон – навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
88 0 0

Музокироти Президенти Русия Владимир Путин ва рощбари Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Маскав баргузор гардид

Раҳбари Туркия Эрдуғон субҳи 5 март бо президенти Русия Владимир Путин музокирот анҷом дод.

Ҳайати Туркия намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати мудофиа, сардори Хазинадорӣ ва молияи Туркия ва инчунин роҳбари созмони миллии иктишофиро дар бар мегирад.

Дар ҳошияи ин мулоқот Путин ва Эрдуғон ният доранд, ки ҳалли вазъ дар Идлиби Сурияро баррасӣ кунанд.

"Тавре ки шумо дархост кардед, мо омодаем, ки сӯҳбати рӯ ба рӯро оғоз кунем ва дар сурати зарурӣ, ҳамкорони худро, ки дар чап ва рости мо дар толор ҳастанд, пайваст кунем" - гуфт Путин ба Эрдуғон расман.

Дар навбати худ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон зарурати "тамоми вазъро дар Сурия" муҳокима кард, то дар оянда муносибатҳои Русия ва Туркияро вайрон накунанд.

"Вазъият дар Идлиб чунон бад шудааст, ки албатта гуфтугӯи мустақими шахсии моро тақозо мекунад", - Путин тасдиқ кард.

Ёдовар мешавем, ки вазъ дар Идлиб рӯзи 27 феврал пас аз он ки террористони гурӯҳи Ҳайат Тахрир аш-Шом (дар Русия мамнӯъ) ҳамлаи густурдаро ба мавқеъҳои нерӯҳои ҳукумати Сурия оғоз карданд, бадтар шуд

Музокирот байни Президенти Русия Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон оғоз ёфт

Раҳбари Туркия Эрдуғон субҳи 5 март бо президенти Русия Владимир Путин музокирот анҷом дод.

Ҳайати Туркия намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати мудофиа, сардори Хазинадорӣ ва молияи Туркия ва инчунин роҳбари созмони миллии иктишофиро дар бар мегирад.

Дар ҳошияи ин мулоқот Путин ва Эрдуғон ният доранд, ки ҳалли вазъ дар Идлиби Сурияро баррасӣ кунанд.

"Тавре ки шумо дархост кардед, мо омодаем, ки сӯҳбати рӯ ба рӯро оғоз кунем ва дар сурати зарурӣ, ҳамкорони худро, ки дар чап ва рости мо дар толор ҳастанд, пайваст кунем" - гуфт Путин ба Эрдуғон расман.

Дар навбати худ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон зарурати "тамоми вазъро дар Сурия" муҳокима кард, то дар оянда муносибатҳои Русия ва Туркияро вайрон накунанд.

"Вазъият дар Идлиб чунон бад шудааст, ки албатта гуфтугӯи мустақими шахсии моро тақозо мекунад", - Путин тасдиқ кард.

Ёдовар мешавем, ки вазъ дар Идлиб рӯзи 27 феврал пас аз он ки террористони гурӯҳи Ҳайат Тахрир аш-Шом (дар Русия мамнӯъ) ҳамлаи густурдаро ба мавқеъҳои нерӯҳои ҳукумати Сурия оғоз карданд, бадтар шуд.

Барчаспҳо:
Эрдуғон, Путин, Туркия, Русия

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ