01:28 08 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Видео

Нашри суруд ва намоҳанги нави Шабнами Сурайё дар "Москва сити" - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
1615 0 0
© Youtube / Shabnam Surayo Official

Шабнами Сурайё суруд ва намоҳанги ҷадиди худро таҳти унвони "Чашмак мезанӣ" сабт ва пешкаши мухлисон кард

Ситораи эстрадаи тоҷик - Шабнами Сурайё намоҳанги тозаи худро дар шаҳри Маскав ба навор гирифтааст. Ин клип аз ҷониби “L.A Production” таҳти мудирияти Лидия Андре таҳия шудааст.

Намоҳанг таҳти унвони "Чашмак мезанӣ" ду ҳафта пеш, рӯзи 23 феврал дар саҳифаи сароянда дар Youtube нашр шудааст.

Оҳанги ин сурудро Роберт Мирзоян навишта матни онро Орзу Исоев эҷод кардааст.

Намоҳанги тозаи Шабнамро то имрӯз беш аз 250 ҳазор кас тамошо карда ва беш аз 4 ҳазор корбар писандидааст.

Аз намоҳанг манзараҳои шаҳри Маскав ба чашм мерасад. Намоҳанг дар наздикии майдони Сурхи шаҳри Маскав ва макони дидании пойтахти Русия машҳур ба "Москва сити", омода шудааст.

Ногуфта намонад, ки дар ин сафар Шабнами Сурайё дар маросими арӯсие низ ширкат ва ҳунарнамоӣ карда буд, ки порае аз он ҳунарнамоиро низ дар намоҳанг ҷой додаанд.

Ёдрас мешавем, ки авоили соли 2019 Шабнами Сурайё, ба ҳайси сафири ҳусни ният ба ҳалли масоили муҳоҷирату сил, намоҳанге зери унвони "Надоре" нашр кард, ки дар охири намоҳанг паёми иҷтимоиро низ алайҳи бемории сил ироа намуда буд.

"Ишқро эҳтиёт намо, магузор нобуд шавад. Нагузор беморие чун сил муҳаббатро аз байн бубарад – бигузор меҳру муҳаббати мо силро аз байн бубаранд", - таъкид шудааст дар охири намоҳанг.

Ин намоҳанг яке аз сербинандатарин намоҳанги соли 2019 гардид. То имрӯз ин клипро беш аз 2 миллион кас боздид кардааст.

Барчаспҳо:
Шабнам Сурайё, суруд, намоҳанг, Маскав

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ