04:42 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Видео

Manizha ба забони точикӣ сароид, вале "натавонист"- видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
831 0 0

Манижа Сангин машҳуртарин сарояндаи тоҷики муқими Русия, билохира дар барномаи "Квартирник" - и Маргулис ба забони тоҷикӣ сароид

Манижа Сангин дар барномаи "Квартирник" - и Евгений Маргулис - собиқ аъзои гурӯҳи "Машина Времени" ва "Воскресение" суруди сарояндаи номдору марҳуми санъати тоҷик - Муқаддас Набиева "Ситораи ман"-ро сароид.

Ӯ сатри аввали сурудро хонду дигар натавонист идома диҳад.

"Ин ҳамаи чизе, ки ман медонам", - гуфт Манижа ва афзуд, ки "ба ман доим мегуфтанд як сурудеро ба забони тоҷикӣ албатта аз ёд кун, чун ҷое туро хоҳанд пурсид ва ҳамин кор имрӯз ин ҷо сурат гирифт".

Манижа Сангин то имрӯз ҳамаи сурудҳояшро ба забонҳои русӣ ва англисӣ сароидааст. Ӯ дар мусоҳибае гуфт қасд дорад аввал ба хотири ҷамъ кардани аудитория ба ин забонҳо бисарояд ва баъд ба забони модарияш хоҳад суруд. Ахиран ӯ намоҳанги худ "Не до славянка"-ро пешкаши мухлисон кард ва дар он бо забони тоҷикӣ "ё бача ту мара гуш кун" хитоб карда, бо забонҳои русию англисӣ сурудро дар мавзӯи муҳоҷирату миллату зиндагӣ давом дод. 

Манижа мегӯяд муҳоҷирон бояд қадри худро донанд, онгоҳ ҷомеа онҳоро қабул мекунад

Манижа дар бораи санъати тоҷик ҳарф заду исмҳои ҳунармандони барҷастаи санъати тоҷик - Далер Назаров, Муқаддас Набиева ва Наргис Бандишоеваро ном бурд.

Ба гуфти ӯ, санъати тоҷикро  маҳз бо исмҳои ин ҳунармандон мешиносанд.

Манижа ҳамчунин дар ин барнома нақл кард, чӣ гуна роҳи санъатро пеш гирифт ва кадом омил сабаби машҳур шуданаш шуд.

Ӯ гуфт модараш дар фаъолияташ нақши бузург дорад ва ҳам продюсеру ҳам тарроҳаш мебошад.

Клипи нави Манижа: бо қонунҳои Қуръон дохили калисо-видео

Манижа дар ин барнома сурудҳои дӯстдоштаи пешин ва тозаи худро иҷро кард.

Ӯ гуфт, аз 8-солагӣ ба эҷоди суруд машғул ҳаст ва ҳамаи намоҳангҳои худро худаш монтаж ва омода мекунад.

Барчаспҳо:
забони тоҷикӣ, Манижа Сангин, Русия

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ