Даҳшати коронавирус дар Испания: беморони рӯи фарш хобида - навор

Обуна шудан
Наворе, ки вазъияти беморхона ва аҳволи беморони яке аз шифохонаҳои шаҳри Мадриди Испанияро нишон медиҳад, корбарони шабакаҳои иҷтимоиро шокӣ намудааст

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Чанде қабл сабти навори яке аз беморхонаҳои шаҳри Мадрид, ки маризони коронавирус дар он ҷо қарор доранд, ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Железный занавес: страны закрывают границы из-за коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Пардаи оҳанин: кадом кишварҳо аз тарси коронавирус сарҳадашонро бастанд - видео

Тамошои ин навор аксари корбаронро ба даҳшат овардааст.

Чун дар ин бемористон, хуҷраҳое, ки барои беморон мавҷуд аст, аллакай пур буда, шумори зиёди дардмандон дар даҳлези шифохона рӯи фарш хоб ҳастанд.

Аз сулфаи шадиди беморон бар меояд, ки аҳволи онҳо чандон хуб нест.

Огоҳӣ, омодагӣ ва боварии тоҷикистониҳо: коронавирус моро домангир намешавад - видео

Табибон, ки дигар онҳоро бо кат таъмин карда наметавонанд, дар рӯи фарш кӯмакҳои тиббии худро мерасонанд.

Дар зери ин навор, аксари корбарон навиштаанд, ин сабтро бояд ба он нафароне, ки ин маризиро ҷиддӣ қабул намекунанд, нишон дода шавад, то даҳшати онро тамошо карда ба хулосаи зарурӣ биёянд.

Испани пас аз Италия миёни кишварҳои Аврупо аз лиҳози шумораи зиёди гирифторони коронавирус дар мақоми дуввум қарор дорад. Дар Испания то 23 - юми март, шумораи мубталоёни ин беморӣ ба 33 ҳазор нафар расид, ки аз миён 2182 бемор фавтиданд. Зимнан, 3355 дардманд аллакай шифо ёфтанд.

Лентаи хабарҳо
0