11:20 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Видео

“Гӯед ба Наврӯз, ки имсол наояд”: чаро Гугуш имсол Наврӯзро таҷлил накард? – видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
102520
© Youtube / Googoosh

Гугуш, овозхони саршиноси Эрон дар як навор Иди Наврӯзро ба кулли мардум, ба хусус ба пизишкону парасторони Эрон табрик гуфта, тавзеҳ дод, ки барои чӣ шахсан ӯ имсол намехоҳад ин ҷашнро таҷлил кунад

Гугуш тавзеҳ додааст, ки имсол Наврӯзро ба хотири ёди тамоми нафароне, ки ҷонашонро аз даст додаанд, ҷашн намегирад.

“Наврӯзи имсолро ба ёди тамоми азизони аздастрафта ҷашн намегирам, балки барои нигаҳдошти ин сунати дерин ҳифзи зоҳир мекунам. Ба ёди онҳое, ки имсол ҷои азизонашонро холӣ мебинанд ва дар танҳоӣ ҳафтсинашонро мечинанд. Ба ёди бонувоне, ки шаҳоматро ба мо ёд доданд ва ба ёди кулбароне, ки аз ҷону нафас афтоданд. Бо ин умед, ки дар соли ҷадид паноҳҷӯ ба соябонаш даст пайдо кунад ва Ковуси 41-сола ба поён бирасад”, - гуфт овозхони маъруфи эронӣ.

Инчунин, Гугуш хусусан аз пизишкону парастороне, ки имрӯзҳо дар сафи пеш дар Эрон бар зидди коронавирус истодаанд ва барои наҷоти ҳазорҳо нафар мубориза мебранд, изҳори сипос кард.

Вай гуфт: “дар охир сипосе дорам аз кодри пизишкӣ ва парстороне, ки ба вожае исор, ҷони дубора бахшиданд. Наврӯзатон пирӯз бод!”. 

Гугуш на танҳо миёни эрониён балки миёни мардуми тоҷик низ маҳбубияти зиёде дорад.

Мутаасифона овозхони саршиноси эронӣ, ки дар тамоми гушаву канори Тоҷикистон маҳбубият дорад то ба ҳол аз Тоҷикистон дидан накардааст. Гугуш ҳам борҳо эълон карда буд, ки қасди баргузор кардани консерт дар Тоҷикистонро дорад, вале ин орзӯи ӯ то ба ҳол ҷомаи амал напӯшидааст.

Хонандаи маъруф Гугуш соли 1979 дар давраи инқилоби исломӣ дар хориҷ аз Эрон буд, вале баъдан бо хоҳиши худ ба Эрон баргашт ва тӯли беш аз бист сол хомӯш буд.

Дар соли 2000-ум Гугуш бо иҷозаи мақомоти Эрон ин кишварро тарк кард ва ҳоло дар яке аз кишварҳои Ғарб зиндагӣ мекунад.

Барчаспҳо:
таҷлил, Наврӯз, табрик, Эрон, Гугуш

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ