11:04 02 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.21
  • EUR11.16
  • RUB0.13
Видео

Шароити бади садҳо муҳоҷири дармондаи тоҷик дар фурудгоҳи Внукова - навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
228 0 0
© Youtube / Федерация мигрантов России

Дар робита ба хуруҷи маризии коронавирус ва баста шудани равобити ҳаво, садҳо муҳоҷирони тоҷик дар фурудгоҳҳои шаҳри Маскав дармонданд

Навори муҳоҷирони дармондаи тоҷик дар фурудгоҳи Внуковаро роҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов мунташир намудаст.

Номбурда чанде қабл барои шинос шудан ба вазъияти муҳоҷирон ба фурудгоҳи Внукова рафта, бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабаби баста будани равобити ҳавоӣ дармондаанд, сӯҳбат намуд.

Коженов ба муҳоҷирон шарҳ дод, ки алъон барои ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои коргузорӣ, зарурати убур кардани марз вуҷуд надоранд. Муҳоҷирон метавонанд бидуни берун рафтан аз қаламрави Русия, ҳуҷатҳои худро барои 90 рӯз дуруст кунанд.

Зимнан, яке аз муҳоҷирони дар фурудгоҳ буда,  ба Коженов иттилоъ додааст, ки дар фурудгоҳи Домодедова ба муҳоҷирон чиптаи парвоз самти Душанберо ба арзиши 35 ҳазор рубли русӣ мефурӯшанд. Феълан масъалаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба муҳоҷирони тоҷик дар ҳоли тафтиш қарор дорад ва эҳтимол ин кори қаллобон бошад.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ