Нохун ба каф: дар Тоҷикистон тарзи дурусти дастшӯиро меомӯзонанд

Обуна шудан
Дар сигменти тоҷикии интернет дар бораи мубориз ва пешгирии коронавирус наворҳои зиёди омӯзишӣ нашр мешаванд. Ахиран, КҲФ Тоҷикистон низ тарзи дурусти дастшӯиро дар наворе фаҳмонидааст

Ҳарчанд дар Тоҷикистон то имрӯз расман  вируси корона ба қайд гирифта нашудааст, қоидаҳои пешгириро касе манъ накардааст.

Дар наворе ки канали расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар Ютуб нашр кардааст, тарзи дурусти дастшӯиро нишон медиҳанд.

Город Душанбе, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Даъвати вазорат аз аҳолӣ: хабарҳои дурӯғро бовар накунед, дар Тоҷикистон коронавирус нест
Мақомоти кишвар дар якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва Бунёди кӯдаконаи Юнисеф фаъолона тартибҳои мубориза бо коронавирус ва пешгирии онро меомӯзонанд.

Дар навори нашршуда тавсия дода мешавад, ки зиёд дастҳоро собун кард ва дастшӯиро аз панҷаҳо сар кард. Ҳар яки онҳоро алоҳида бо собун молиш дода, сипас банди даст ва нохунҳоро ба воситаи  кафи даст тоза намуд.

Табибон: дар карантин кӯшиши кӯдакдор шуданро накунед

"Даст интиқолдиҳандаи асосии бемориҳои сироятӣ аст ва барои ҳамин, зуд-зуд бояд дастҳоро шуст. Пас аз ҳоҷатхона, ҷойҳои ҷамъиятӣ, омода кардани хӯрок, хӯрдани он, нигоҳубини беморон, иртибот бо ҳайвонот шустани он ҳатмист", - таъкид мешавад дар навор.

 

 

Дар видео бори дигар ёдрас мешавад, ки ҳангоми аввалин нишонаҳои беморӣ, табъ ва нафаскашии мушкил дарҳол ба пизишкон муроҷиат кард ва ба хона табибонро даъват намуд.

Лентаи хабарҳо
0