05:03 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Видео

Тавсияҳои СҶБ: чӣ бояд кард то вирус ба Тоҷикистон ворид нашавад - навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
1275 0 0
© Youtube / Новости Таджикистана от Z

Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои сокинони Тоҷикистон дар самти пешгирии паҳн нашудани коронавирус як қатор тавсияҳо дод

Намояндаи доимии Созмони ҷаҳонии беҳдоштдар Тоҷикистон Галина Перфилиева қайд кард, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон корҳои зиёдеро барои пешгирӣ аз воридоти коронавирус ба кишвар анҷом медиҳад.

Дар ин робита, вай ба сокинони ҷумҳурӣ муроҷиат кард, ки тамоми кӯшишро ба харҷ диҳанд, то ба вазорати мазкур барои пешгирӣ аз коронавирус кӯмак расонанд.

"Вазорати тандурустӣ бо истифода аз ҳама воситаҳо кӯшиш мекунад, ки ин маризӣ ба Тоҷикистон ворид нашавад ва агар ҳама барои ин кӯшиш кунанд, пас мо метавонем нисбат ба дигар кишварҳо муваффақ бошем" гуфт ӯ.

Вай қайд кард, ки ҳудуди 6 ҳазор нафар, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардида буданд, ба қарантин фаро гирифта шуданд.

Ва тақрибан чаҳор ҳазор шаҳрвандон то ҳол дар минтақаҳои қарантинӣ қарор доранд.

"Ман ин рақамҳоро ба он хотир зикр мекунам, ки то ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон бори гарони Вазорати тандурустӣ, кормандони тиб ва дигар мақомоти дахлдор барои роҳ наёфтани ин маризӣ ба Тоҷикистон дарк кунанд", - таъкид кард Перфилева.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи намояндаи СҶБ, шаҳрвандони Тоҷикистон набояд хешовандони худро аз минтақаи қарантинӣ бигирад, балки баръакс барои нигоҳдории воридшавандаҳо ба маконҳои муваққатии нигаҳдорӣ мусоидат кунанд.

Зеро нишонаҳои ин беморӣ шояд пас аз 5 ё 6 рӯз дар вуҷуди инсон зуҳур кунад.

Намояндаи СҶБ зимнан, зикр намуд, ки мардуми меҳмоннавози Тоҷикистон бояд аз қабули меҳмон ва ё рафтан ба хонаи пайвандони худ дар ин давраи ҳассос худдорӣ ккунанд.Гузашта аз ин, аз дастфишорӣ ва аз оғушгирию бӯсобӯсӣ низ даст кашанд.

Галина ҳамчунин аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кард, ки қоидаҳои гигиениро риоя кунанд ва аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ кунанд.

Барчаспҳо:
маризӣ, Тоҷикистон, тавсия, СҶБ

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ