12:24 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Видео

Муроҷиати Путин ба мардуми Русия

Гирифтани линки кӯтоҳ
623 0 0

Роҳбари Русия бори ахир санаи 25 марти соли равон вобаста ба паҳншавии коронавирус дар қаламрави ин кишвар муроҷиат карда буд

Имрӯз баъд аз зуҳр Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дубора ба мардуми ин кишвар муроҷиат мекунад.  

Дар ин бора Дмитрий Песков, роҳбари хадамоти матбуоти раисҷумҳури Русия хабар додааст.

Эҳтимол дорад Путин дар бораи тамдиди рӯзҳои таътил дар Русия эълом кунад.

Ахиран Владимир Путин, дар пасманзари ҳаводиси марбути коронавирус ба мардум муроҷиат карда, хост, ҳадалимкон дар хона монанд. Ӯ барои дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон бархе имтиёзҳоро пешниҳод намуд.

Путин аз он оғоз кард, ки Русия наметавонад аз хуруҷи коронавирус канор монад ва мардумро ба масъулиятшиносӣ даъват намуд. Ӯ гуфт, шаҳрвандон худу наздиконашронро ҳифз кунанд ва таъкид намуд, ки аз ҳама ҷои амн дар шароити ҳозира берун набаромадан аз хона мебошад.

Путин ҳамчунин изҳор дошт, ки раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйирот ба Конститутсия, ки 22 апрел дар назар буд, ба таъхир андохта мешавад ва санаи дақиқ баъдан маълум хоҳад шуд.

Раисиҷумҳури Русия зарурати дастгирии оилаҳои серфарзандро таъкид намуда, афзуд, ки дар се моҳи оянда, сар аз апрел барои ҳар кӯдаки то сесола 5 ҳазор рубл кумакпулӣ пардохт мешавад. Раисиҷумҳур аз 28 март то 5 апрел рӯзҳои истироҳатӣ эълон карда, афзуд, ки ҳафтаи истироҳат ба ҳаҷми маош таъсире нахоҳад дошт. 

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ