13:28 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Видео

Расо 21 рӯз: чигуна режими хонашинӣ дар Маскав мегузарад - навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
536 0 0

Раиси шаҳри Маскав дар робита ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус дастур додааст, ки мӯҳлати иҷозатномаҳои рақамӣ ва дигар маҳдудиятҳо 1 май тамдид карда шувад

Режими хонашинӣ дар Маскав ҳамоно идома дорад. Ба роҳ мондани иҷозатномаи рақамӣ барои берун шудан аз манзили зист, то андозае вазъияти феълиро душвортар кард.

Чун ин иҷозатномаро кррмандони пулис ба таври дастӣ аз санҷиш мегузаронанд, аз инрӯ дар метро ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба танбашавии одамон оварда расонд.

Дар назар аст, ки сар аз 22 - юми апрел ба назорати иҷозатномаҳои рақамӣ тағйирот ворид шавад. Шояд тафтиши доштани чунин иҷозатномаҳо тариқи автоматӣ ба роҳ монда шавад.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт набуди коронавирус дар Тоҷикистонро тасдиқ кард

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ахир танҳо дар пойтахти Русия 20, 7 ҳазор сиротёфтагони коронавипрус сабт гардидааст. Ҳамчунин 1763 нафар шифо ёфта, 176 бемори дигар ба ҳалокат расиданд.

Дар маҷмӯъ, дар Русия беш аз 40 ҳазор ҳолати сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 361 нафар ҷон додаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷаҳон шумораи дардмандони ин беморӣ  марзи 2 миллион нафарро убур карда, ҷони 160 ҳазор беморро гирифт.

Барчаспҳо:
режим, навор, Маскав

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ