18:08 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Видео

Сафири Эрон: бақо ва давоми забони порсӣ вомдори талошҳои арзандаи Фирдавсии бузург аст

Гирифтани линки кӯтоҳ
1006640
© Youtube / Mohsen Farahbar

Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёме ба муносибати бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ гуфт, бақо ва давоми забони порсӣ вомдори талошҳои арзандаи Фирдавсии бузург аст

Муҳаммадтақӣ Собирӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёме ба муносибати бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ таъкид доштааст, ки  дар тақвими Эрон рўзи 14 май (25 урдибиҳишт) ба номи рўзи бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ номгузорӣ шудааст.

“Ин муносибати фархундаро гиромӣ медорем ва ба тамоми алоқамандони ин ҳамосасарои бузурги эронӣ ва пири фарзонаи Тӯс, бавежа ҳамватанони эронӣ ва мардуми ҳамфарҳангу ҳамзабони тоҷик табрик мегӯем”, - зикр кардааст сафири Эрон дар Тоҷикистон.

Вай ҳамзамон таъкид доштааст, ки бақо ва давоми забони порсӣ вомдори талошҳои арзандаи Фирдавсии бузург аст.

“Талоши вай дар ҳофизаи таърих нигориш шуда ва мероси Фирдавсӣ то ҳамеша мондагор хоҳад буд”, - афзуд Муҳаммадтақӣ Собирӣ.

Вай дар ин пайём гуфт, таъсири Фирдавсӣ бар адибону шоирони дигар шигарф аст.

“Ба ростӣ метавон гуфт, Шоҳномаи Фирдавсӣ илҳомбахши бисёре аз осори ҳамосӣ дар адаби форсӣ будааст. Агар хуб ба жарфои Шоҳнома бингарем, мебинем хирад ҷонмояи ин китоби арзишманд мебошад”, - қайд кард сафири Эрон дар Тоҷикистон.

Барчаспҳо:
талош, Фирдавсӣ, бузургдошт, паём, Эрон, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ