20:22 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Видео

"Бӯйи Муҳаммад (с) омад": нашри намоҳанги ҷадиди Абдурозиқ - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
1395 0 0
© Youtube / Avlod Media

Дар ин намоҳанг Абдурозиқ бо пироҳани сафед намуддор мешавад ва пайғамбари Худо, Ҳазрати Муҳаммад (с) - ро васф мекунад

Абдурозиқ, сарояндаи навраси тоҷик ва акнун машҳури шабакаи ҷаҳонии Интернет намоҳанги навбатии худро таҳти унвони "Бӯйи Муҳаммад (с) омад", пешкаши мухлисон кард.

Дар ин бора Абдурозиқ дар саҳифааш дар Instagram хабар додааст.

"Салом бародаро ва хохарои рузадор. Даҳҳаи Рахмат муборак Бошад! Клипи нави Ма Барои хамаи Шумо бо номи Буйи Мухаммад (с) Омад!" - навиштааст Абдурозиқ.

Намоҳанги Абдурозиқ рӯзи 14 май дар саҳифаи Авлод Медиа дар шабакаи Youtube нашр шудааст. Дар давоми ду рӯз намоҳангро беш аз 300 ҳазор кас боздид карда ва зиёда 41 ҳазор нафар писандидааст.

Абдурозиқ пештар суруди Далер Назаров "Чак чаки борони баҳор" ва шеъри маъруфи “Эй акси рухат ҷон диҳад оинаи дилро” - и шоир Туғрал Аҳрорӣ - ро суруда буд.

То ин муддат сурудҳои Абдурозиқ қалби миллион бинандаро дар YouTube тасхир кардааст. Аз ҷумла суруди муштараки ӯ ва репсаро Барон  бо номи “Ватан - Модар”, ки танҳо дар моҳи аввали баъди нашр, теъдоди тамошобинонаш ба бештар аз 2, 3 милион расид.

Абдурозиқ меҳмонхона месозад: изи пои Алӣ (а), шоҳи кофир ва қурутоби "девона" - видео

Ва ё суруди “Оҳанги дили зор” - и Абдурозиқро то ин муддат дар зиёда 2, 7 милион нафар тамошо кардаанд, ки ба қавле рекорд ва ё “инқилоб” дар ҷодаи сарояндагӣ дар YouTube гуфта мешавад.

Сар аз моҳи сентябри соли 2019 репсарои машҳури тоҷик Барон, Абдурозиқро барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи худ ба Душанбе даъват кард ва барои ин розигии волидони ин овозхони наврасро гирифт. Аз он замон масъулияти сабт ва нашри сурудҳои Абдурозиқро, гурӯҳи Барон ба уҳда гирифтааст.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ