13:20 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Видео

30 рӯз мӯҳлат медиҳам: талаби таҳдидомези Трамп аз Созмони ҷаҳонии беҳдошт - навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
963 0 0
© Youtube

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп таҳдид кардааст, ки маблағгузории Созмони ҷаҳонии беҳдоштро қатъ мекунад, агар он ба талаботи мақомоти ин кишвар дар муддати як моҳ расидагӣ накунад

Трамп бар ин бовар аст, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба таври лозима ба пандемияи коронавирус бархӯрд накард. Ба изҳори Трамп ин созмон гӯё ба мақомоти Чин дар пинҳон кардани маълумот оиди паҳншавии вирус кӯмак кардааст.

Ҳимояи ҷойҳои корӣ: Трамп муҳоҷират ба Амрикоро боздошт

Доналд Трамп мегӯяд, маъмурияти ӯ дақиқ намуд, ки созмони байналмилалӣ ҳатто мустақилона анҷом додани таҳқиқот бобати омилҳои бурузи ин маризиро, рӯи даст нагирифт.

Гузашта аз ин, Трамп рушан намудаст, ки созмони мазкур аз Амрико ва аз Чин чӣ миқдор маблағ мегирад.

"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як сол 450 миллион доллар, Чин бошад 38 миллион долларро ба СҶБ пардохт мекунад. Ин созмони лухтаки дастии Чин аст... Замоне, ки ман вурудро ба Амрико маҳдуд карданд, созмони мазкур гуфт, ки ин тасмимгирии ман хеле барвақт аст ва бояд чунин маҳдудиятро ҷорӣ нашаванд. Агар ман ин иқдомро қабул намекардам, мо садҳо ҳазор одамонро аз даст медодем", - афзудааст Трамп.

Кишвардори Амрико ба таври ҷиддӣ аз созмони мазкур талаб намуд, ки шартҳои Вашингтонро дар давоми 30 рӯз иҷро намоянд, дар акси ҳол аз маблағгузории минбаъда даст мекашанд.

Қобили зикр аст, ки Амрико ҳамоно аз лиҳози теъдоди зиёди сироятёфтагон аз ин маризӣ дар даҳон садрнишин аст. Дар ин кишвар тақрибан 1,5 миллион нафар аз маризии коронавирус дардманд шуданд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
Барчаспҳо:
навор, СҶБ, таҳдид, Доналд Трамп

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ