20:36 03 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.09
  • RUB0.14
Видео

Иштироки низомиёни ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар гузашти низомӣ дар Маскав

Гирифтани линки кӯтоҳ
101 0 0

Имрӯз як гурӯҳ сарбозони Тоҷикистон ҳамроҳ бо низомиёни 13 кишвари дунё дар гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ, ки имрӯз дар Майдони Сурхи пойтахти Русия баргузор шуд, иштирок карданд

Имрӯз бахшида ба 75-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ дар Майдони Сурх паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он 15 ҳазор низомӣ иштирок намуданд.

Дар паради ҳарбӣ ҳамчунин 225 техника ва 150 тайёраи ҳарбӣ истифода шуда, 24 намунаи муосиртарин техникаи ҳарбӣ — мудофиавӣ муаррифӣ карда шуд. Дар расми паради ҳарбӣ дар баробари намоядагии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон аз Тоҷикистон низ курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, аскарону афсарони Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иштирок карданд.

Шумораи умумии иштирокчиёни Паради ҳарбӣ аз Тоҷикистон 75 нафарро ташкил дода, гузашти низомии ҳайати шахсиро дар Майдони Сурхи шаҳри Москва командири Баталиони қаровули фахрии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, подполковник Файзимуҳаммад Ҳафиззода роҳбаладӣ намуд.

Баъди анҷоми расми паради ҳарбӣ дар Майдони Сурх Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои дигар кишварҳои иштирокчии чорабиниҳои тантанавӣ дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд.

Барчаспҳо:
иштирок, Русия, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Иди Ғалаба, Маскав, гузашти низомӣ, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ