02:39 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Видео

Сенат пешниҳод кардаст, ки ИМА С-400-и Русияро аз Туркия харидорӣ кунанд-навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
161 0 0
Ruptly / AP Photo/Andrew Harnik / Минобороны России

Сенати Амрико пешниҳод кардааст, ки С-400-ро аз Туркия харидорӣ кунанд, аммо ҷониби Туркия ба ин хоҳиши ИМА розӣ мешавад ё не маълум нест

Сенати Иёлоти Муттаҳида пешниҳод кард, ки аз Туркия навтарин системаҳои зенитии ҳавоии Русия С-400 харида шавад. Тағйироти мувофиқ ба лоиҳаи қонун дар бораи маблағҳои буҷавӣ барои мудофиаи миллии ИМА барои соли молиявии 2021 аз ҷониби сенатори ҷумҳурихоҳ Ҷон Тун пешниҳод карда шуд.

Аз пешниҳоди ӯ бармеояд, ки амрикоиҳо аз ҳисоби буҷаи Пентагон комплексҳои русиро харидорӣ хоҳанд кард.

Хариди С-400 боиси ихтилофи байни ИМА ва Туркия шудааст. Вашингтон аз Анкара талаб кард, ки аз ин созиш даст кашад ва бар ивази низомҳои амрикоии Patriot харидорӣ кунад.

Дар акси ҳол, амрикоиҳо таҳдид карданд, ки алайҳи Туркия таҳримот ҷорӣ мекунанд ва фурӯши ҳавопаймоҳои Анкара F-35-ро ба таъхир меандозанд ё ҳатто лағв мекунанд.

Роҳбарияти Туркия ин корро накард нагирифт. Пешниҳоди сенатор Тюн то чӣ андоза воқеъӣ аст - дар видеои мо бубинед.

Барчаспҳо:
низомӣ, Туркия, ИМА, Русия

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ