Гармӣ монеа нест: видеои раъйдиҳии русиягиҳо дар Тоҷикистон-навор

Обуна шудан
Бо вуҷуди гармии шадид дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба раъйдиҳӣ барои ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи Русия зиёд аст. Шаҳрвандони Русия дар назди бинои сафорат дар Душанбе навбатпоӣ карданд, то овоз диҳанд

Дар Тоҷикистон барои раъйгирӣ дар мавриди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Федератсияи Русия шаш маркази интихоботӣ дар чаҳор шаҳр - Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Норак, дар қаламрави сафорати Русия, консулгарии генералӣ ва пойгоҳи низомии 201 - и Русия фаъолият мекунанд.

На одной из автозаправочных станций  - Sputnik Тоҷикистон
Бардорад зам кун: нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боло рафт

Байни 25 июн ва 1 июл, то оғози рӯзи асосии раъйдиҳӣ, аллакай беш аз 3500 шаҳрванди Русия  раъй додаанд. Инҳо сарбозони пойгоҳи 201, иншооти "Окно" дар Норак, намояндагони идороту созмонҳои Русия дар Тоҷикистон ҳастанд.

Дар рӯзи асосии раъйдиҳӣ дар Душанбе аллакай 613 шаҳрванди Русия овоз доданд. Қобили зикр аст, ки имрӯз Душанбе хеле гарм аст, ҳарорати ҳаво то 35 дараҷа боло рафтааст. Аммо, сарфи назар аз чунин ҳавои гарм ва набудани шамол, шаҳрвандони Русия дар барои овоздиҳӣ дар навбат истоданд.

Мувофиқи талаботи “Роспотребнадзор” барои овоздиҳӣ якнафарӣ бо риояи фосила ба сафорат ворид мешаванд.

Равиши раъйгирӣ мутобиқ бо талаботи меъёрҳои беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ дар замони пандемия анҷом мешавад. Ба раъйдиҳандагон иттилоъ дода мешавад, ки ҳатман аз ниқобу дасткаши пизишкӣ истифода кунанд.

Дар оғози рӯз Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвараш ба раъйдиҳӣ барои иловаи тағйирот ба Конститутсияи Русия хеле зиёд мебошад.

Лентаи хабарҳо
0