12:49 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Видео

Толибон боз ба ҳамалоти худ шурӯъ карданд: созишномаи сулҳ чӣ мешавад? - навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
243 0 0
Ruptly / nytimes / washingtonpost

Толибон дар Афғонистон боз ба ҳамалоти худ шурӯъ намудаанд ва ба ин минвол созишномаи сулҳро, ки чанде пеш дар Амрико ба тасвиб расида буд, халалдор мекунад

Давоми ҳамагӣ чанд рӯзи охир дар Афғонистон аз ҷониби Ҷунбиши ҳаракати Толибон пайдар ҳам ҳамлаҳои интиҳорӣ сурат гирифатнд.

Таркиши шадид дар бинои Раёсати миллии амнияти Афғонистон дар шаҳри Айбак дар вилояти Самангон рух дод. Тибқи маълумоти расмӣ, шумораи кушташудагон ба 10 нафар расид, 50 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ғайр аз он, толибон як қатор ҳамлаҳоро дар нуқтаҳои гузаргоҳ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон анҷом доданд. ҳамлаҳои густурдаи Толибон ба ҷузъ аз музофотҳои Қундуз ва Бадахшон дар вилояти вилояти Нангарҳор низ афзоиш ёфтааст.

Гурӯҳи Толибон 34 нафар низомиёни давлатиро озод кард

Вазъияти шиддатнок дар Афғонистон ба як қатор интишорот дар расонаҳои ғарбӣ дар бораи тавтиаи эҳтимолии Русия ва Толибон рост омад.

Вазорати корҳои хориҷии Русия ин маълумотро рад мекунад ва президенти ИМА Доналд Трамп ин мақолаҳоро қалбакӣ номидааст.

Сарфи назар аз созишномаи сулҳ бо Иёлоти Муттаҳида дар соли равон шумораи ҳамлаҳои Толибон дар Афғонистон меафзояд.

Эҳтимол аст, ки ахбори охирини расонаҳои амрикоӣ дар бораи ин иттиҳом танҳо кӯшиши таваҷҷӯҳи ҷомеа аз нокомии амрикоиҳо дар Афғонистон аст.

Барчаспҳо:
навор, Афғонистон, ҳамла, Толибон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ