05:01 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Видео

Мураххас шудани ихтиёриён, ки ваксини алайҳи коронавирус дар онҳо озмоиш шуд - навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (684)
612 0 0
© RUPTLY.

Аввалин ихтиёриён, ки дар озмоишҳои ваксинаи русӣ бар зидди коронавирус иштирок карданд, аз беморхонаи ҳарбии Бурденко мураххас шуданд

Пизишкони ин дармонгоҳ муддати 28 рӯз муқовимати организми гурӯҳи якуми ихтиёриён нисбати ваксине, ки дар онҳо озмоиш мешуд, мушоҳида намуданд ва ба хулоса омаданд, ки дору ба онҳо зиёне нарасондааст.

Қабл аз мураххас намудан, ҳамаи ихтиёриён санҷиши хун супурданд ва маълум шуд, ки организми онҳо дар қиболи вируси COVID -19 масуният ва антитела пайдо кардааст.

Русия ба озмоиши ваксин алайҳи коронавирус оғоз кард

Бо вуҷуди ин коршиносон мегӯянд, алъон эълон кардани пирӯзӣ бар ин вирус бисёр барвақт аст, зеро ин дору ҳоло самаранокии худро нишон дода истодааст.

Дар марҳилаҳои навбатии санҷиш, табибон давомнокии масунияти одамонро месанҷанд, ки алайҳи ин маризӣ эм шуда буданд. Гузашта аз ин масъалаи ба истеҳсол баровардани ваксинаи алайҳи коронавирус низ баррасӣ мешавад.

Таъкид мегардад, ки истеҳсоли оммавии ваксин танҳо чанд моҳ пас аз тасдиқи Вазорати тандурустӣ имконпазир мегардад.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (684)
Барчаспҳо:
навор, эмгузаронӣ, маризӣ, мураххас мешавад

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ